СИРИШТИ МОДАРОН АЗ МЕҲРУБОНӢ АСТ. Фармудаҳои бузургон дар ситоиши ин олиҳаи зиндагӣ

Март 8, 2024 09:08

ДУШАНБЕ, 08.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Зан – Модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Дар васфу ситоиши ин олиҳаи зебоӣ бузургони илму адаб суханҳои зиёде эҷод намудаву баён доштаанд. Бо вуҷуди ин  онҳо  бар он андеша ҳастанд, ки  то ҳанӯз бузургии Зан-Модар ба таври комил сутуда нашудааст, ки ин барҳақ аст.

Дар зер гуфтаҳои чанде аз бузургонро дар васфи сарчашмаи зиндагӣ ва меҳру вафо пешниҳоди хонандагон мегардонем.

Зан мураббии инсон аст, аммо на мураббӣ ва муаллиме, ки фақат сухан гӯяд, балки ҳамчун Модар тамоми хислатҳои неки инсониро ба кӯдак ба таври табиӣ интиқол медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Бе Офтоб гулҳо намешукуфанд, бе муҳаббат хушбахтӣ нест, бе Зан ишқ нест, бе Модар шоир нест, қаҳрамон ҳам нест. Тамоми ифтихори дунё аз модарон аст.

А. М. Горкий

***

Модар гаронбаҳотарин дороии як миллат аст ва ба андозае арзиш дорад, ки метавон гуфт: ҷомеа замоне ба авҷ мерасад, ки битавонад аз кор ва кирдорҳои Модар пуштибонӣ намояд.

Алан Кэй

***

Қалби Модар ба андозае густурда ва фарох аст, ки ҳамеша метавонед бахшиш ва гузаштро дар он ёбед.

 Оноре де Балзак

***

Зан конуни пурнури хонавода, маркази меҳр, намояндаи ишқ, намоёнгари покӣ, намунаи муҳаббату дӯстӣ ва чашмаи бахшоиш аст.

Иқболи Лоҳурӣ

***

Зан кӯдаке аст, ки бо андак меҳрубонӣ хандон ва бо камтарин бемеҳрӣ гирён мешавад.

Ҳервед

***

Чизе, ки зан дорад ва мардро тасхир менамояд, меҳрубонии ӯст, на симои зебояш.

Вилям Шекспир

***

Агар ҳар куҷо марде ёфт шуд, ки ба мақоми баланд  расидааст, яқинан зани покдомане ӯро ҳамроҳӣ намудааст.

Шиллер

***

Модар азизтарин вуҷуди рӯи Замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Мо вуҷуди муқаддаси Модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем, чун ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Як Модари хуб ба сад устод ва омӯзгор меарзад.

Ҷорҷ Ҳерберт

***

Ҳеҷ атргуле ранг ва зебоии Модарро надорад.

Эрнест Ҳемингуэй

***

Тору пуди модаронро аз меҳрубонӣ бофтаанд.

Ролф Волду Амрсон

***

Ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ наметавонед муҳаббатеро беҳтар, хубтар ва воқеитар аз муҳаббати Модари худ ёбед.

 Оноре  де Балзак

***

Модар сароғози ҳастии башар, офаранда ва идомабахши ҳаёти инсоният мебошад. Замири ӯ аз меҳру муҳаббат ва лутфу меҳрубонӣ сиришта шудааст, ки ин хислатҳои наҷиб Модарро мавҷуди бузургу муқаддаси тамоми давру замонҳо гардонидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Ҷамъи ҳамаи меҳрубониҳоро гирифта, аз он Модар сохтаанд.

Кристофар Марлу

***

Яке аз бузургтарин офаридаҳо қалби Модар аст.

Андре Гретри

Гирдоваранда:
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Март 8, 2024 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон