СИРИШТИ МОДАРОН АЗ МЕҲРУБОНӢ АСТ. Фармудаҳои бузургон дар ситоиши ин олиҳаи зиндагӣ
ДУШАНБЕ, 08.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Зан – Модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Дар васфу ситоиши ин олиҳаи зебоӣ бузургони илму адаб суханҳои зиёде эҷод намудаву баён доштаанд. Бо вуҷуди ин онҳо бар он андеша ҳастанд, ки то ҳанӯз бузургии Зан-Модар ба таври комил сутуда нашудааст, ки ин барҳақ аст.
Дар зер гуфтаҳои чанде аз бузургонро дар васфи сарчашмаи зиндагӣ ва меҳру вафо пешниҳоди хонандагон мегардонем.
Зан мураббии инсон аст, аммо на мураббӣ ва муаллиме, ки фақат сухан гӯяд, балки ҳамчун Модар тамоми хислатҳои неки инсониро ба кӯдак ба таври табиӣ интиқол медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон
***
Бе Офтоб гулҳо намешукуфанд, бе муҳаббат хушбахтӣ нест, бе Зан ишқ нест, бе Модар шоир нест, қаҳрамон ҳам нест. Тамоми ифтихори дунё аз модарон аст.
А. М. Горкий
***
Модар гаронбаҳотарин дороии як миллат аст ва ба андозае арзиш дорад, ки метавон гуфт: ҷомеа замоне ба авҷ мерасад, ки битавонад аз кор ва кирдорҳои Модар пуштибонӣ намояд.
Алан Кэй
***
Қалби Модар ба андозае густурда ва фарох аст, ки ҳамеша метавонед бахшиш ва гузаштро дар он ёбед.
Оноре де Балзак
***
Зан конуни пурнури хонавода, маркази меҳр, намояндаи ишқ, намоёнгари покӣ, намунаи муҳаббату дӯстӣ ва чашмаи бахшоиш аст.
Иқболи Лоҳурӣ
***
Зан кӯдаке аст, ки бо андак меҳрубонӣ хандон ва бо камтарин бемеҳрӣ гирён мешавад.
Ҳервед
***
Чизе, ки зан дорад ва мардро тасхир менамояд, меҳрубонии ӯст, на симои зебояш.
Вилям Шекспир
***
Агар ҳар куҷо марде ёфт шуд, ки ба мақоми баланд расидааст, яқинан зани покдомане ӯро ҳамроҳӣ намудааст.
Шиллер
***
Модар азизтарин вуҷуди рӯи Замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Мо вуҷуди муқаддаси Модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем, чун ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост.
Эмомалӣ Раҳмон
***
Як Модари хуб ба сад устод ва омӯзгор меарзад.
Ҷорҷ Ҳерберт
***
Ҳеҷ атргуле ранг ва зебоии Модарро надорад.
Эрнест Ҳемингуэй
***
Тору пуди модаронро аз меҳрубонӣ бофтаанд.
Ролф Волду Амрсон
***
Ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ наметавонед муҳаббатеро беҳтар, хубтар ва воқеитар аз муҳаббати Модари худ ёбед.
Оноре де Балзак
***
Модар сароғози ҳастии башар, офаранда ва идомабахши ҳаёти инсоният мебошад. Замири ӯ аз меҳру муҳаббат ва лутфу меҳрубонӣ сиришта шудааст, ки ин хислатҳои наҷиб Модарро мавҷуди бузургу муқаддаси тамоми давру замонҳо гардонидаанд.
Эмомалӣ Раҳмон
***
Ҷамъи ҳамаи меҳрубониҳоро гирифта, аз он Модар сохтаанд.
Кристофар Марлу
***
Яке аз бузургтарин офаридаҳо қалби Модар аст.
Андре Гретри
Гирдоваранда:
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






