СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз роҳҳои таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ аст

Март 22, 2024 15:20

ДУШАНБЕ, 22.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз ҷумлаи   масъалаҳои муҳим ва меҳварӣ дар назди давлату ҳукумат  ба шумор меравад.  Ин аст, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ барои  баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии шаҳрвандон ва мубориза бо зуҳуроти номатлуб   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори  30-юмин солгарди қабули Конститутсияи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон  соли 2024-ро Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намуданд. 

Чунин ибрози андеша намудааст корманди Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффор Юсуфзода дар мақолааш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» расидааст.

— Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз солҳои аввали истиқлоли давлатӣ ба ин самт, яъне баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа  таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, чандин қонун ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»,  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҳама муҳим- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ватандӯстии шаҳрвандон»-ро қабул намудааст, ки маҳз ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ нигаронида шудаанд.

Қабул ва амалисозии ин санадҳои олии ҳуқуқӣ яке аз қадамҳои муҳиму умедбахш дар роҳи фароҳам овардани заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва  ба маҷрои бонизом ва ояндадор равон намудани ҷомеа ба ҳисоб меравад.  Аз ҷониби дигар, масъулиятшиносии шаҳрвандони мамлакат боло рафта, метавонанд бо таҳаммулпазирӣ ва сатҳи баланди маърифатнокӣ дар рушду пешрафти давлат ва тарбияи ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ саҳм гузоранд.

Аз ҷониби дигар, аз  назари олимону ҳуқуқшиносон,  бе иштироки шаҳрвандони фаъол, ки аз ҳуқуқҳои худ бохабар ҳастанд, бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ғайриимкон аст. Ҷавҳари ҷомеаи шаҳрвандӣ бо асли риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун устувор мебошад.  Шаҳрванде, ки аз ҳуқуқҳои худ огоҳ аст, метавонад ҳамчун шахси соҳибмаърифат дар рушд ва пешрафти рӯзгори худу хонавода ва  ҷомеа саҳм гузорад.

Ҳамин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози соҳибистиқлолӣ барои тарбияи ҳуқуқии  аҳолӣ тадбирҳо андешида, баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандонро дар сатҳи сиёсати давлатӣ қарор додааст. Бинобар ин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро арзиши олӣ эътироф намуда,  тамоми  ниҳоду сохторҳои давлатиро муваззаф месозад, ки ҳомию муҳофизи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон бошанд ва дар ин самт фаъолияташонро пеш бурда, баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифатнокию ҳуқуқии ҷомеа саҳми назаррас гузоранд.

Бо назардошти таҷрибаи ҷаҳони муосир баҳри пешрафти давлатдории миллӣ  зарур аст, ки фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати мамлакат ва барномаҳои махсуси давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ таҳия ва қабулгардидаро иҷро ва амалӣ намоем. Ин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни пешниҳоди  Паём    ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки «рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад ва воқеан, ҷомеае, ки ба инсонҳои бомаърифат ва тарбиядида такя менамояд, аз шикасти ирода ва нестшавӣ эмин буда, ба рушду пешрафти  саросарӣ ноил мегардад. Зеро шуурнокии ҳуқуқии миллат аз бисёр ҷиҳат муайянкунандаи дараҷаи рушди давлат ва таъмингари эътибор ва нуфузи он дар миқёси ҷаҳони муосир дониста мешавад».

Таваҷҷуҳ ба ин мавзуъ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 маҳз ба ҳамин мақсад равона гардида, аз ҷониби мардум бо самимият истиқбол шуд. Ин, албатта,  аз як ҷониб эҳтиром ба Конститутсияи  Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, аз тарафи дигар, заминаи устувор гузоштан ба бунёди ҷомеаи шаҳвандӣ мебошад. Зеро танҳо ба воситаи маърифати баланди ҳуқуқӣ  бунёди   ҷомеаи шаҳрвандӣ имконпазир мегардад.

 АКС аз бойгонӣ

Март 22, 2024 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон барои хонандагони синфи якум давраи мутобиқшавӣ гузаронида мешавад
Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба даҳаи миллии дастгирии ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ таҳти унвони «Шукуҳи Истиқлол» иқдоми таблиғотӣ идома дорад
Моҳи охири фасли тобистон дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 1 дараҷа баланд мешавад
Дар Тоҷикистон соли 2026 ҳаҷми маблағи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ бештар гардидааст
АҲАМИЯТИ ГЕОСТРАТЕГИИ ҚАТЪНОМАИ «ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА». Мулоҳизаҳо дар ин маврид
БАРНОМАИ РУШДИ РОҲНАМОИ КАСБ. Татбиқи он имкон медиҳад, ки шумораи аҳолии бо ҷойи кор таъминшуда ҳамасола 2-2,2 фоиз афзоиш ёбад
«ЧИЛ ДУХТАРИ ТОҶИК БО ЧИЛ ГЕСӮИ ДАРОЗ». Таҳти ин унвон намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид
35 БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН. Тафаккуру андеша ва пиндошту тасаввури миллии мо аз Истиқлолияти Тоҷикистон сарчашма мегирад
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ. Кормандони ин ниҳод барои ҳифзи ҷони шаҳрвандон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд
Шумораи аҳолии машғул ба фаъолияти иқтисодӣ дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион нафарро ташкил медиҳад
Дар минтақаи Кӯлоб шумораи нафақагирон беш аз 127 ҳазор нафарро ташкил медиҳад