СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бо намояндагони мақомоти прокуратура мулоқот баргузор гардид

Март 4, 2024 17:16

ДУШАНБЕ, 04.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрии намояндагони мақомоти прокуратураи минтақа ва шаҳри Кӯлоб бо ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ.

Намояндагони прокуратура мақсади баргузории вохӯриро иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» арзёбӣ намуда, доир ба Соли маърифати ҳуқуқӣ, мубориза ва муқовимат бо экстремизм ва терроризм, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва тарбия намудани насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносиву меҳандӯстӣ изҳори андеша намуданд.

Гуфта шуд, ки Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024 аз масъулин, хосса муассисаҳои соҳаи маориф амалӣ намудани  силсилачорабиниҳои илмӣ-маърифатӣ, озмуну олимпиадаҳо, тарғибу ташвиқи васеи асосҳои конститутсионии давлат ва қонунгузории миллиро тақозо менамояд. Зеро дар амалигардонии фаъолияти бисёрҷанбаи маърифати ҳуқуқӣ низоми маориф нақши асосӣ дорад. Ҳадаф аз он ташаккули асосҳои назариявии шуури ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ, тафаккури ҳуқуқӣ, инчунин густариши ҷаҳонфаҳмии илмии ҳуқуқии шаҳрвандон ва дар ҳаёти ҳаррӯза татбиқ намудани талаботи ҳуқуқӣ мебошад.

Дар ҷамъомад ҳозирин даъват шуданд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар амалигардонии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ саҳм гузоранд ва бо тамоми зуҳуроти номатлуб ва номақбули ҷомеа оштинопазир бошанд.

Таъкид гардид, ки барои пешгирии ҳолатҳои номатлуб ва бо таълиму тарбияи дуруст, садоқату эҳтиром ба фарҳангу арзишҳои миллӣ ва худшиносиву ватандӯстӣ ба камол расонидани насли наврасу ҷавон моро зарур аст, ки бо омӯзиши амиқи таърихи гузашта ва фарҳанги пурғановати ниёгонамон дар пешбурди сиёсати Ҳукумати мамлакат саҳм гузорем.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ 

 

Март 4, 2024 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид