ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 март, якшанбе, 77-умин рӯзи соли 2024 аст

Март 17, 2024 08:00

17 марти соли 2003 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Форуми сеюми ҷаҳонии об ба шаҳри Киотои Ҷопон сафар намуданд.

***

17 марти соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон ба имзо расониданд.

***

17 марти соли 2014 дар қароргоҳи Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Вена Тоҷикистон шарҳи ҳолатҳои мухаддиротии мамлакатро муаррифӣ намуд.

***

17 марти соли 2015 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум суханронӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Абузабӣ бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб ифтитоҳ гардид.

***

17 марти соли 2018 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба муносибати дубора интихоб гардидан ба мансаби Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин барқияи табрикӣ ирсол намуданд.

***

17 марти соли 2020 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум иштирок намуданд.

***

17 марти соли 2021 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран мулоқот намуданд.

***

17 марти соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Соҳилии ноҳияи Фирдавсӣ Муассисаи томактабии хусусии «Закия»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

***

17 марти соли 2023 иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор гардид.

17 МАРТ:

 Дар Тайланд- Рӯзи бокси миллии Муай Тай.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД

Раҳим Ҳайдар -соли 1923 – нависанда, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

***

Обидҷон Бобоҷонов- соли 1942 – Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон

Март 17, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш