Тоҷикон Наврӯзро аз замонҳои қадим бо дилу нияти нек, яъне бо ботини тоза истиқбол мегирифтанд

Март 31, 2024 08:53

ДУШАНБЕ, 31.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мардуми мо аз замонҳои қадим Наврӯз, яъне ҷашни сари солро, пеш аз ҳама, бо дилу нияти нек, яъне бо ботини тоза, сипас, бо зоҳири ороста, яъне сарулибоси тозаву озода истиқбол мегирифтанд ва ҳамеша умед доштанд, ки қадами соли нав бо файзу баракат мешавад.

Ин суханонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими баргузории карнавали наврӯзии «Корвони шодӣ» дар шаҳри Душанбе баён доштанд. Президенти мамлакат такид намуданд, ки хушбахтона, ин русуми хуби наврӯзӣ ҳоло низ дар сарзамини биҳиштосои мо ривоҷи тоза пайдо намудааст.

Ҳамзамон Пешвои  миллат изҳор намуданд, ки «мо бояд пайваста кӯшиш намоем, ки хонаву кошона, маҳалли зист ва ҷойи корамонро ҳамеша ороставу зебо нигоҳ дорем, зебоипарастӣ, озодагиву тозакорӣ ва ободониро ба одати доимии хурду бузурги мамлакат табдил диҳем, то ин ки тамоми гӯшаву канори Тоҷикистони азизи мо дар ҳамаи фаслҳои сол ба наврӯзгоҳи ҳақиқӣ табдил ёбад ва ҳар рӯзи Тоҷикистон мисли Наврӯз бошад».

Бояд гуфт, ки Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонии мардумони ҳавзаи Наврӯз, аз ҷумла тоҷикон буда,  тибқи асотири ниёгон, нахустин шоҳи олам Каюмарс дар ин рӯз ба тахти шоҳӣ нишастааст. Дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ҳамчунин бунёд гузоштани Наврӯз ва муайян намудани сари соли нав ба шоҳ Ҷамшед нисбат дода шудааст. Наврӯз – рӯзи падид омадани равшанӣ, ғалабаи некӣ бар бадӣ, аз қалбҳо берун намудани кинаву адоват ва бахшидани гуноҳи ҳамдигар, эҳёи табиат, поёни сардиҳо ва оғози меҳру гармӣ ва фаровонию баракот аст.

Ёдовар мешавем, ки моҳи феврали  соли 2010 бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон ва давлатҳои ҳавзаи Наврӯз иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси ҷашни байналмилалӣ эълон намудани Наврӯз қатънома қабул намуд.

Ҳоло Наврӯз ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфта, дар саросари олам таҷлил мегардад.

АКС аз бойгонӣ

Март 31, 2024 08:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони воситаҳои ахбори омма дар Хатлон бо натиҷаҳои лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид шинос гардиданд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Падидаҳои зебои табиат ба таҳкимбахши ҳувияти миллӣ ва пайвандгари наслҳо табдил меёбанд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Гули садбарг кӯчаву хиёбон ва боғу гулгаштҳои Душанберо зебу зиннат мебахшад
ИСТИҚЛОЛ ВА АДОЛАТИ СУДӢ: Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ҳокимияти судӣ ва волоияти конститутсия
ТАВСИЯИ МУФИД. Барои хуб нашъунамо ёфтани гул дар шароити хона интихоби хок омили асосӣ аст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Аҳамияти он ба таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ ва волоияти қонун дар Тоҷикистон мусоидат менамояд
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар ниҳолхонаҳо зиёда аз 120 ҳазор ниҳоли павловния парвариш меёбад
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд