«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар шаҳри Бӯстон оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиш доир гардид

Март 18, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 18.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи тадбирҳои омодагӣ ба ҷашни байналмилалии Наврӯз бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ, такмили эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастии занону духтарон, тарғиби либосҳои миллии мардумӣ, пешгирии тамоюлҳои бегонапарастӣ бо иштироки гулдухтарону занони шаҳри Бӯстон баҳри муаррифии либоси атлас, адрас, чакан, алоча ва дигар либосҳои миллӣ ҳамоиши тарғиботӣ доир шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар медиҳад.

Гулдухтарону занон бо либосҳои миллӣ дар назди маҷмааи «Дасти дуои модар» ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ба сайру гашт баромада, ба шаҳрвандон ва меҳмонони шаҳри Бӯстон либосҳои миллии тоҷиконаро муаррифӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки шуруъ аз 1 март то 31 май дар саросари ҷумҳурӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» амалӣ  мешавад.

Ин иқдом ҳамасола аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш гирифта шуда, ҳадаф аз он муаррифии либоси миллӣ мебошад, зеро оламиён миллати тоҷикро бо фарҳанги хосси шарқиёна мешиносанду эҳтиром менамоянд.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

Март 18, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Мо ду ҷашни муқаддас ва бузург дорем, ки яке ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон ва дигаре Наврӯз аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Номи Наврӯз давоми ҳазорсолаҳо дигар нашудааст»
Бунмояҳои астрономӣ ва космологии ҷашни Наврӯз
Пешвои миллат: «Фарҳанги пурарзиши наврӯзӣ омили муҳимми сулҳу оромӣ ва ҳамзистии фарҳангу тамаддунҳо эътироф гардидааст»
Маркази байналмилалии Наврӯз — рамзи эҳё ва муаррифии фарҳанги миллии тоҷикон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
НАВРӮЗ — ВАСИЛАИ МУАССИРИ МУКОЛАМАИ ТАМАДДУНҲО. Таҳти ин унвон конфронси илмию амалӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид