«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Гулдухтарону занони шаҳри Роғун либосҳои миллии тоҷиконаро муаррифӣ менамоянд

Март 24, 2024 15:00

РОҒУН, 24.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Баҳри омодагӣ ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ва бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, тарғиби либосҳои миллии мардумӣ, пешгирии тамоюли бегонапарастӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ бо иштироки гулдухтарону занони шаҳри Роғун ҳамоиши «Тоҷикона мепӯшем!» баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун иттилоъ доданд.

Гулдухтарону занон бо либосҳои миллӣ дар назди маҷмааи «Исмоили Сомонӣ», боғи фарҳангию фароғатӣ  ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ба сайру гашт баромада, ба шаҳрвандон ва меҳмонони шаҳри Роғун либосҳои миллии тоҷиконаро муаррифӣ намуданд.

Тибқи иттилои манбаъ, баҳри арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, анъанаҳои неки аҷдодӣ, махсусан либоси миллӣ, атласу адрас, чакан, баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшӣ, таблиғу ташвиқи либоси миллӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ ва ҳамзамон анҷом додани корҳои ободонию созандагӣ аз 1 март то 31 май дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Роғун ва муассисаҳои миёнаи касбии он  ҳамоиши «Тоҷикона мепӯшем!» гузаронида мешавад.

АКС:  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун

Март 24, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд