ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1208 то 0.1220 сомонӣ муқаррар шудааст

Март 11, 2024 08:05

ДУШАНБЕ, 11.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар намудааст:

1 доллари ИМА — 10.9552 сомонӣ;

1 евро – 11. 9390 сомонӣ;

1 рубли русӣ — 0.1208  сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:

1 доллари ИМА аз 10.9552  то 10.9800 сомонӣ;

1 евро аз 11.9390  то  12.0500 сомонӣ;

1 рубли русӣ аз 0. 1208  то 0.1220 сомонӣ.

БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».

Март 11, 2024 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш