ҲУШДОР! Хатари фаромадани тарма то 18 март боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 15.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки то 18 март дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва кӯҳистонии тобеи ҷумҳурӣ, дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок ва манотиқи ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари фаромадани тарма боқӣ мемонад. Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳолӣ ва меҳмонони мамлакатро ҳушдор медиҳад, ки дар ин рӯзҳо эҳтиёт намоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, 14 март, тахминан соати 08:54 дар километри 79,3 ва 81-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, дар назди даромадгоҳи нақби «Истиқлол»-и ноҳияи Айнии вилояти Суғд ду тарма сабт шуд, ки дар натиҷаи он ҳаракат дар ду самт барои ҳамаи намудҳои нақлиёт муваққатан катъ гардид. Барои анҷоми корҳо баҳри рафъи оқибатҳои фаромадани тарма ба ҷои ҳодиса се воҳиди техникаи ширкати роҳи IRS ҷалб гардид. Корҳо соати 17:20 анҷом ёфта, ҳаракати нақлиёт барқарор гардид.
Кумита хотиррасон менамояд, ки бинобар фуромадан ва обшавии бориши пешбинишуда хатари фаромадани тарма ва сангрезӣ дар қитъаҳои Душанбе-Хуҷанд-Чанок, Душанбе-Рашт-Лахш, Душанбе-Сангвор, Кӯлоб-Дарвоз, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ — Мурғоб боқӣ мемонад.
Ҳамзамон Кумита аз ронандагон хоҳиш менамояд, ки ҳангоми ба нақша гирифтани сафар аз вазъи роҳҳо огоҳ шаванд, воситаҳои нақлиётро бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин намоянд, дар роҳҳо ҳангоми ҳаракат аз минтақаҳои тармафароӣ қоидаҳои ҳаракат ва масофаи байни мошинҳоро қатъиян риоя намоянд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






