Волейболбозони дастаи мунтахаби ноҳияи Шуғнон соҳиби Ҷоми Раиси вилоят шуданд
ХОРУҒ, 31.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бо иштироки зиёда аз 5 ҳазор тамошобин байни дастаҳои мунтахаби ноҳияҳои Шуғнон ва Рӯшон барои соҳиб шудан ба Ҷоми Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бозии ниҳоӣ аз намуди волейбол баргузор шуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.
Аз аввал дар ин мусобиқа 12 даста аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок ва давоми як ҳафта бо ҳам рақобат намуданд. Дар ниҳоят дастаҳои мунтахаби ноҳияҳои Шуғнон ва Рӯшон ба бозии ниҳоӣ роҳхат гирифта, дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бозӣ намуданд. Бозии ин дастаҳо аз оғоз то анҷом хеле ҷолиб гузашт. Гарчанде ки волейболбозони дастаи Рӯшон маҳорату малакаи хуби варзишӣ нишон доданд, аммо бо ҳисоби 3 бар 1 бозиро бохтанд.
Ба ҳамин тартиб дастаи мунтахаби Шуғнон аз аввали мусобиқа то бозии ниҳоӣ ҳамаи тимҳоро шикаст дода, соҳиби Ҷоми Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гардид. Ҷоми Раиси вилоятро дар назди ҳазорон ҳаводорони ин намуди зебои варзиш ба волейболбозони дастаи Шуғнон муовини аввали раиси вилоят Шарифхон Сафарзода дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуд. Ин даста барои гирифтани мақоми аввал бо 6 ҳазор сомонӣ маблағ қадрдонӣ шуд.
Дастаҳои Рӯшон ва водии Бартанг дар мақоми дуюму сеюм қарор гирифтанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






