Зулфия Муҳиддинова: «Баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа масъулияти онҳоро бештар менамояд»

Март 7, 2024 08:42

ДУШАНБЕ, 07.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Сардори раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи 2 Зулфия Муҳиддинова ба муносибати Рӯзи Модар, ки шуруъ аз соли 2009 инҷониб ҳамасола бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷашн гирифта мешавад, ба унвони АМИТ «Ховар» оид ба нақши мақомоти прокуратура дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои занон ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа мақола пешниҳод намудааст.

— Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёд ва ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ дар ҷомеа эътироф ва эълон намуда, баробарҳуқуқии занону мардонро тавассути меъёрҳои конститутсионӣ кафолат медиҳад.

Аз ин ҷост, ки дар ҷомеаи навини Тоҷикистон бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таъмини ҳуқуқу озодиҳои занон ва баланд бардоштани мақоми онҳо яке масъалаҳои меҳварии сиёсати давлату Ҳукумати мамлакатро ташкил дода, дар ин самт заминаҳои ҳуқуқӣ тавассути қабули қонунҳои дахлдор ва стратегияву барномаҳои дигари давлатӣ мавҷуд буда, мавриди амал қарор доранд.

Таваҷҷуҳ ба масъалаҳои вобаста ба занону духтарон рисолати аслии иҷтимоии муқаддастарин шахс дар ҳаёти инсонӣ, яъне Модар буда, ғамхорӣ ба онҳо – ғамхориву шукргузорӣ ба офарандаи ҳаёт ва тарбиятгари  созандагони фардои дурахшон арзёбӣ мегардад.

Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Ҳукумати мамлакат бо назардошти нақши муассири занону духтарон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати худ қарор додааст. Мо ҳамеша ба масъалаи беҳбуди вазъи занону духтарон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ташаббусҳои созандаашонро пайваста дастгирӣ менамоем ва барои амалӣ гардидани иқдоми неку наҷиби онҳо заминаву имконияти мусоид фароҳам меоварем».

Дар робита ба ин мақомоти прокуратура – ҳамчун мақомоти таъминкунандаи волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, мунтазам назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои занон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа амалӣ менамояд.

Аз ҷумла, назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» аз ҷониби вазорату кумитаҳои давлатӣ, ташкилоту идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва татбиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1995 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд» ва «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мисоли равшани ин гуфтаҳо мебошанд.

Натиҷаи санҷиш ва таҳлили вазъи иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии гуфташуда аз ҷониби мақомоти прокуратура нишон медиҳад, ки имрӯзҳо нақши занон дар мамлакат дар доираи сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати мамлакат, бахусус сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбури фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ назаррас буда, саҳми бисёр арзишманди онҳо ва натиҷаи заҳмати софдилонаашон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мушоҳида мегардад. Ин ҷо месазад ёдовар шуд, ки занони тоҷик имрӯзҳо чун дар дигар соҳаҳо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва қудратӣ, бахусус мақомоти прокуратура низ баробари мардон заҳмат кашида, дар  таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бо мақсади ҳифзи соҳибихтиёрӣ, истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ ва ҳуқуқҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва дигар ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд саҳм мегузоранд.

Баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа ва таъмин намудани онҳо бо ҷойи кор дар сохторҳои гуногун масъулиятамонро дучанд намуда, моро водор менамояд, ки дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва сохти конститутсионии мамлакат мардонавор, бо дасту дилу нияти пок хизмат намоем.

Қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бамаврид буда, назорати иҷрои эҷоди меъёрҳои ҳуқуқи миллӣ дар самти беҳдошти вазъи зиндагӣ ва рӯзгори шоистаи сокинони мамлакат зери назари рӯзмарраи мақомоти прокуратура қарор дорад. Илова бар ин назорати иҷрои қонунҳо дар самти кор бо ноболиғон ва ҷавонон, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин раванд ва пешгирии зуҳуроти номатлуб дар байни онҳо аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мо маҳсуб мешавад, ки талош меварзем дар ин ҷода низ муваффақ гардем. Боварии комил дорем, ки минбаъд низ занони сарбаланди тоҷик, бо истифода аз ҳуқуқу озодӣ ва мақому мартабаи шоистаашон дар таҳкими пояҳои истиқлоли миллӣ ва рушду нумӯи бемайлони он талош менамоянд.

Мо, кормандони прокуратура ва занони дар ин мақомот ифои вазифакунанда аз талошу заҳмат ва ташаббусҳои пайвастаи Сарвари давлатамон дар самти беҳдошти шароити кору зиндагиамон изҳори сипосмандӣ намуда, бо боварӣ изҳор менамоем, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматиамон баҳри таъмини волоияти қонун ва ҳифзи арзишҳои милливу  соҳибистиқлолӣ содиқонаву софдилона фаъолият намоем.

Зулфия МУҲИДДИНОВА,
Сардори раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони
Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи 2

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 7, 2024 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо фаъолияти Департаменти адлияи Ирландия шинос шуд
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир шуд
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки гурӯҳҳои корӣ ҷаласа баргузор шуд
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Прокуратураи генералӣ: «Худ ва наздиконатонро аз ҳамлаҳои хакерӣ эмин нигоҳ доред!»
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
Дар шаҳри Москва бо афсарону курсантони тоҷик вохӯрӣ доир шуд
Ҷаласаи кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ доир шуд