Нақшаи Барномаи муштараки «Тағйири низомҳои озуқаворӣ барои беҳтар намудани сифати ғизо» қабул шуд

Июль 16, 2025 16:51

ДУШАНБЕ, 16.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 июл дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда баргузор шуд, ки дар он нақшаи Барномаи муштараки «Тағйири низомҳои озуқаворӣ барои беҳтар намудани сифати ғизо» қабул карда шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷаласа иштирокдорон лоиҳаи нақшаи кории ҳамаҷонибаро баррасӣ ва тасдиқ намуданд. Инчунин тавсияҳо барои суръат бахшидан ба татбиқ ва пешрафтҳои назаррас дар самти беҳтар намудани натиҷаҳои ғизо пешниҳод гардиданд.

Муовини якуми Раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ Маҳмуд  Ширинҷонзода иброз дошт, ки «таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ки яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, марҳила ба марҳила амалӣ мешавад. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ин масъаларо ҳаётан муҳим шуморида, барои таъмини аҳолии ҷумҳурӣ бо озуқа тадбирҳои таъхирнопазир меандешад.

Бо ин мақсад дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» қабул гардид, ки самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамчун қисми таркибии амнияти давлат ва меъёрҳои байналмилалии эътирофшуда муайян менамояд».

Бояд гуфт, ки масъалаҳои рушди системаҳои озуқаворӣ дар миқёси ҷаҳонӣ хеле мубрам ба ҳисоб мераванд. Фаъолият ва рушди устувори системаҳои миллии озуқаворӣ ва ҳалли мушкилоти бамиёномада ва мутаносибан муайян кардани роҳҳои имконпазири ҳалли онҳо дар фазои Созмони Милали Муттаҳид барои тамоми мамлакатҳои ҷаҳон ва табиист, ки расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030 масъалаи ҳаётан муҳим мебошад.

«Барои ноил шудан ба ҳадафи стратегии таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба маводи озуқаи босифат дар баробари татбиқи «Барномаи бехатарии махсулоти озуқаворӣ барои солҳои 2024-2028», «Барномаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», инчунин барномаҳои соҳавӣ қабул шудаанд, ки ба рушди соҳа замина мегузоранд. Мақсади дастгирии давлатӣ оид ба амнияти озуқаворӣ таъмини талаботи аҳолӣ бо озуқаи ҳаётан муҳим  чораҷӯиро аз ҷониби истеҳсолкунандагони ватании маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хом ва озуқа тақозо менамояд»,-гуфт Маҳмуд  Ширинҷонзода.

Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон  хонум Парвати Рамасвами иброз дошт, ки «тағйир додани системаҳои озуқаворӣ яке аз такондиҳандагони муҳим барои пешбурди Ҳадафҳои рушди устувор мебошад. Аз соли 2021 Созмони Милали Муттаҳид бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди афзалияти системаҳои озуқаворӣ ҳамкорӣ мекунад ва ман аз он шодам, ки ҳамкории мо дар доираи ин барномаи муштарак идома хоҳад ёфт».

Дар ҷаласа таъкид шуд, ки  Барномаи системаҳои миллии озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои расидан ба яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон- таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат менамояд. Тамоми вазорату идораҳоро зарур аст, ки барои ноил шудан ба ин ҳадафи стратегии мамлакат тадбирҳои зарурӣ андешанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 16, 2025 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд