Ҷаласаи Шурои коршиносон оид ба экология ва идоракунии захираҳои табиӣ дар Ассамблеяи байнипарлумонии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
ДУШАНБЕ, 04.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри Таврическии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ҷаласаи Шурои коршиносон оид ба экология ва идоракунии муҳити зист дар Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар кори он раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ дар реҷаи фосилавӣ иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд, ҷаласа таҳти раёсати Раиси шуро, ноиби президенти Академияи улуми Русия Степан Калмиков баргузор шуда, дар кори он аъзои Шурои коршиносон оид ба экология ва идоракунии захираҳои табиии Агентии байниҳукуматии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, намояндагони Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Кумитаи идоракунии захираҳои табиӣ, ҳифзи муҳити зист ва бехатарии экологии шаҳри Санкт-Петербург, Комиссия оид ба экология ва идоракунии захираҳои табиии Маҷлиси қонунгузории Санкт-Петербург ва Хадамоти федералии давлатии бақайдгирӣ, кадастр ва картография, Департаменти шимолу ғарбии гидрометеорология ва мониторинги муҳити зист, академияҳои илмҳо ва донишгоҳҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.
Коршиносон ва мутахассисони мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масъалаҳои марбут ба рушди мониторинги муҳити зист дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҷараёни кор дар лоиҳаи қонуни намунавии «Дар бораи мониторинги муҳити зист»-ро баррасӣ намуданд.
Лоиҳаи Тавсияҳо ба мақомоти худидоракунии маҳаллӣ (ҳукумат) оид ба татбиқи сиёсати экологии давлат дар сатҳи маҳаллӣ, масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи мониторинги обҳои зеризаминии фаромарзӣ дар доираи Созишномаи байниҳукуматии Беларус ва Русия ва ба амал баровардани назорати экологӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон низ дида шуд.
Раиси Шурои коршиносон натиҷаи ҳамоиши байналмилалии «Рушди устувори манотиқи кӯҳистон»-ро ҷамъбаст намуда, дар бораи ҷараёни иҷрои тавсияҳои форум, инчунин омодагиҳо ба машварати мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, ки дар назар аст моҳи октябри соли 2024 дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор шавад, маълумот дод.
АСК: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд






