Байни Тоҷикистон ва Италия дар соҳаҳои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва саноату технологияҳои нав созишномаҳо ба имзо расиданд

Апрель 24, 2024 16:47

ДУШАНБЕ, 24.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Италия байни Тоҷикистон ва Италия дар соҳаҳои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирону борҳо ва саноату технологияҳои нав созишномаҳо ба имзо расиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Аз ҷумла, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва борҳо, инчунин Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корхонаҳо ва истеҳсолоти (Made in Italy) Ҷумҳурии Италия ба имзо расид.

Созишнома оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва борҳо ба тавсеаи ҷуғрофияи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида, ба ин васила ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори боркашониҳои байналмилалии автомобилӣ ва транзитӣ ва бо мақсади расидан ба ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани мамлакат саҳми арзанда хоҳад гузошт.

Бояд гуфт, ки 23 апрел пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Италия хонум Ҷорҷия Мелонӣ 7 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Италия қарор доранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 24, 2024 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард