Бар асари ғарқ шудани киштӣ дар соҳилҳои Мозамбик 91 нафар ба ҳалокат расид

Апрель 8, 2024 15:27

ДУШАНБЕ, 08.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мозамбик дар натиҷаи вазни барзиёди киштии боркаш 91 нафар ба ҳалокат расиданд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус хабаргузории AFP бо истинод ба мақомоти маҳаллӣ хабар додааст.

Тибқи маълумоти онҳо, дар киштӣ 130 нафар ҳузур доштанд. Ба киштӣ аз меъёр зиёд бор карда шуда, барои интиқоли мусофирон мувофиқ набудааст, иқтибос овардааст суханони котиби давлатии музофоти Нампуларо хабаргузорӣ. Тибқи гуфтаи ӯ, дар киштӣ бинобар маълумоти бардурӯғ дар бораи паҳншавии эпидемияи вабо тарсу ваҳм сар зада, аксари мусофирон кӯшиш намудаанд, ки ба хушкӣ бароянд.

Котиби давлатӣ иттилоъ дод, ки дар байни ҳалокшудагон чанд кӯдак низ будааст. Наҷотдиҳандагон панҷ нафари зиндамондаро пайдо намуданд, ду нафари онҳо дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Тафтиш барои муайян намудани сабабҳои ғарқ шудани киштӣ оғоз ёфтааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 8, 2024 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад