Бар асари обхезӣ дар Қазоқистон беш аз 11 ҳазор нафар кӯчонида шуд
ДУШАНБЕ, 01.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон бинобар обхезӣ беш аз 11 ҳазор нафарро аз минтақаҳои аҳолинишин кӯчониданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин хусус хадамоти матбуоти ҳукумати Қазоқистон оид ба натиҷаҳои ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявии ҳамоҳангсозии чорабиниҳои мубориза бо обхезӣ ва рафъи оқибатҳои он таҳти раёсати нахуствазири ҷумҳурӣ Олжас Бектенов иттилоъ додааст.
«Дар маҷмуъ 11 306 нафар аз минтақаҳои фавқулода тахлия шуданд. Дар марказҳои ҷойгиркунии муваққатӣ 5 ҳазору 456 нафар қарор доранд», — омадааст дар хабар.
Корҳои барқарорсозӣ дар 40 роҳи обшуста, пул ва 39 рӯйпӯши роҳ идома доранд. «Бо маҳалҳои аҳолинишине, ки бе алоқаи нақлиётӣ мондаанд, робита барқарор шуда, захираҳои зарурии озуқаворӣ ва доруворӣ фароҳам оварда шудаанд. Ба аҳолии минтақаҳои дорои вазъияти фавқулода ба таври шабонарӯзӣ, аз ҷумла бо ёрии ҳавопаймоҳо ёрӣ расонида мешавад. Ба кор беш аз 7 ҳазор нафар, беш аз 2 ҳазор техника, аз ҷумла таҷҳизоти обкашӣ, киштиҳо ва ҳавопаймоҳо ҷалб шудаанд», — шарҳ доданд дар хадамоти матбуот.
Пуркунии обанборҳо ва дарёҳо назорат мешавад. Дар айни замон обанборҳои Актюбе, Саздинск, Ашисуйск, Жартасс дар реҷаи транзитӣ кор намуда, партофти фаъоли об идома дорад. Обанбори Каргалинск дар реҷаи пуршавӣ қарор дорад.
Бино ба иттилои вазорати вазъияти фавқулодаи Қазоқистон, бар асари обхезии густурда дар чанд минтақаи вилоятҳои Актюбе, Қӯстанай, Қазоқистони Ғарбӣ, Абай, Улитау ва Оқмола вазъияти фавқулодаи дорои миқёси маҳаллӣ эълон шудааст.
АКС аз манбаъҳои боз








«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд






