Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд

Апрель 17, 2024 15:03

ДУШАНБЕ, 17.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар минтақаи Аруша, дар шимоли Танзания бар асари обхезиҳо, ки бинобар боронҳои пуршиддати давомдор   ба амал омаданд, 1000 нафар бе сарпаноҳ мондаанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус комиссари минтақавии Аруша Пол Маконда хабар додааст.

Тибқи иттилои ӯ, хонаҳои одамон дар натиҷаи обхезӣ давоми ду ҳафтаи охир зери об монда, хароб гардидаанд.

Котиби матбуоти ҳукумат ва директори хадамоти робита бо ҷомеа Мобхаре Матинйи рӯзи якшанбе изҳор намуд, ки давоми ду ҳафтаи охир бар асари ҳодисаҳои табиӣ дар 10 қисмати материкии Танзания 58 нафар, аз ҷумла 10 нафар дар минтақаи Аруша ба ҳалокат расидаанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 17, 2024 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад