Бонки Эсхата ба мизоҷон иқдоми калонтарини таърихӣ пешниҳод намуд

Апрель 9, 2024 08:56

ДУШАНБЕ, 09.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии таъсис  Бонки Эсхата ба мизоҷони интиқоли пулӣ иқдоми калонтарини таърихӣ пешниҳод менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба   Бонки Эсхата.

«Ин навбат иқдоми «Интиқоли бурднок 2024»-ро, ки аз 7 давра бо назардошти давраи нимфиналӣ ва финалӣ иборат аст, пешниҳод менамоем», — таъкид намуданд дар бонк.

Акнун ҳангоми ирсол ва қабули интиқоли пулӣ шумо имконият доред, ки туҳфаҳои арзишнок ба даст оред:

  • 3 хонаи якҳуҷрагӣ дар шаҳри Душанбе
  • 1 500 000 сомонӣ туҳфаҳои пулӣ

Кӣ метавонад иштирокчии иқдом шавад?

Гирандагон/ирсолкунандагони интиқоли пулие, ки ҳадди ақалл ба онҳо як интиқоли пулӣ аз хориҷи мамлакат ба воситаи низомҳои байналхалқии интиқоли пулӣ ва ё  барномаҳои мобилии онлайн — интиқолҳо ба маблағи на кам аз 500 сомонӣ (ва ё баробар ба он) аз хориҷи ҷумҳурӣ маблағ интиқол шудааст ва ё ирсолкунандагоне, ки ба маблағи зиёда аз 500 сомонӣ (ва ё баробар ба он) тариқи бонки мобилии «Эсхата онлайн» ба хориҷи давлат  маблағ ирсол намудаанд.

Рақами тартибӣ ба телефони мобилии иштирокчии иқдом тариқи СМС-маълумот дар муҳлати то 3 (се) рӯз ирсол мешавад. Ҳамзамон он дар барномаи мобилии «Эсхата онлайн»-и иштироккунанда ва сомонаи расмии Бонк инъикос дода мешавад.

Иқдом аз чанд марҳила иборат аст ва фонди туҳфаҳо чӣ гуна аст?

Иқдом аз ҳафт марҳила иборат бурда, фонди туҳфаҳои он аз туҳфаҳои асосӣ, бурди миёнадаврии асосӣ ва иловагии марҳилавӣ иборат мебошад.

Марҳилаҳои бурди туҳфаҳо:

Моҳи апрел 2024 — 6 туҳфаи пулӣ ба маблағи 30 000 сомонӣ (6х30000 сомонӣ)

Моҳи май 2024- 6 туҳфаи пулӣ ба маблағи 30 000 сомонӣ (6х30000 сомонӣ)

Моҳи июн 2024- 6 туҳфаи пулӣ ба маблағи 30 000 сомонӣ (6х30000 сомонӣ)

Моҳи июл 2024 (Бурди миёна)- 6 туҳфаи пулӣ ба маблағи 100 000 сомонӣ (6х100000 сомонӣ)

Моҳи август 2024- 6 туҳфаи пулӣ ба маблағи 30 000 сомонӣ (6х30000 сомонӣ)

Моҳи сентябр 2024- 6 туҳфаи пулӣ ба маблағи 30 000 сомонӣ (6х30000 сомонӣ)

Моҳи октябр 2024 (Бурди асосӣ) –3 хонаи якҳуҷрагӣ дар шаҳри Душанбе

Бурди туҳфаҳо то 15 моҳи минбаъдаи марҳила оғоз мегирад.

Мизоҷон аз кадом минтақаҳои мамлакат дар иқдом иштирок карда метавонанд?

Вобаста ба мансубияти манбаи (сарчашмаи) қабули интиқол иштирокчиён шартан ба 3 (се) минтақаи алоҳида- Душанбе/НТМ, вилояти Суғд ва вилояти Хатлон тақсим шуда, ба ҳар минтақа рамзи алоҳида пайваст шудааст. Вобаста аз он ба иштирокчиёни иқдом рақами тартибӣ пешниҳод мешавад.

Бурди давраҳои аксия дар муддати то 15 рӯз баъди ҷамъбасти ҳар моҳ гузаронида мешавад.

Шитобед! Аксия аз 01.04.2024 то 31.10.2024 сол эътибор дорад.

Имконияти бурди яке аз 3 хонаи якҳуҷрагӣ дар шаҳри Душанбе ва туҳфаҳои пулиро аз даст надиҳед! Интиқоли пулиро ба корти Бонки Эсхата қабул ва ирсол намуда, иштирокчии иқдом гардед!

Корт надоред?

Дархост гузоред, ба шумо занг мезанем: https://eskhata.tilda.ws/ib/site

Барои маълумоти иловагӣ ба рақами 808 занг занед.

АКС: Бонки Эсхата

Апрель 9, 2024 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 9.9500 то 10.2212 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2200 то 10.2472 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2086 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2400 то 9.2500 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1126 сомонӣ муқаррар гардидааст
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1125 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2093 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3287 сомонӣ муқаррар шудааст