Бонки Эсхата ба мизоҷон иқдоми калонтарини таърихӣ пешниҳод намуд

Апрель 9, 2024 08:56

ДУШАНБЕ, 09.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии таъсис  Бонки Эсхата ба мизоҷони интиқоли пулӣ иқдоми калонтарини таърихӣ пешниҳод менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба   Бонки Эсхата.

«Ин навбат иқдоми «Интиқоли бурднок 2024»-ро, ки аз 7 давра бо назардошти давраи нимфиналӣ ва финалӣ иборат аст, пешниҳод менамоем», — таъкид намуданд дар бонк.

Акнун ҳангоми ирсол ва қабули интиқоли пулӣ шумо имконият доред, ки туҳфаҳои арзишнок ба даст оред:

  • 3 хонаи якҳуҷрагӣ дар шаҳри Душанбе
  • 1 500 000 сомонӣ туҳфаҳои пулӣ

Кӣ метавонад иштирокчии иқдом шавад?

Гирандагон/ирсолкунандагони интиқоли пулие, ки ҳадди ақалл ба онҳо як интиқоли пулӣ аз хориҷи мамлакат ба воситаи низомҳои байналхалқии интиқоли пулӣ ва ё  барномаҳои мобилии онлайн — интиқолҳо ба маблағи на кам аз 500 сомонӣ (ва ё баробар ба он) аз хориҷи ҷумҳурӣ маблағ интиқол шудааст ва ё ирсолкунандагоне, ки ба маблағи зиёда аз 500 сомонӣ (ва ё баробар ба он) тариқи бонки мобилии «Эсхата онлайн» ба хориҷи давлат  маблағ ирсол намудаанд.

Рақами тартибӣ ба телефони мобилии иштирокчии иқдом тариқи СМС-маълумот дар муҳлати то 3 (се) рӯз ирсол мешавад. Ҳамзамон он дар барномаи мобилии «Эсхата онлайн»-и иштироккунанда ва сомонаи расмии Бонк инъикос дода мешавад.

Иқдом аз чанд марҳила иборат аст ва фонди туҳфаҳо чӣ гуна аст?

Иқдом аз ҳафт марҳила иборат бурда, фонди туҳфаҳои он аз туҳфаҳои асосӣ, бурди миёнадаврии асосӣ ва иловагии марҳилавӣ иборат мебошад.

Марҳилаҳои бурди туҳфаҳо:

Моҳи апрел 2024 — 6 туҳфаи пулӣ ба маблағи 30 000 сомонӣ (6х30000 сомонӣ)

Моҳи май 2024- 6 туҳфаи пулӣ ба маблағи 30 000 сомонӣ (6х30000 сомонӣ)

Моҳи июн 2024- 6 туҳфаи пулӣ ба маблағи 30 000 сомонӣ (6х30000 сомонӣ)

Моҳи июл 2024 (Бурди миёна)- 6 туҳфаи пулӣ ба маблағи 100 000 сомонӣ (6х100000 сомонӣ)

Моҳи август 2024- 6 туҳфаи пулӣ ба маблағи 30 000 сомонӣ (6х30000 сомонӣ)

Моҳи сентябр 2024- 6 туҳфаи пулӣ ба маблағи 30 000 сомонӣ (6х30000 сомонӣ)

Моҳи октябр 2024 (Бурди асосӣ) –3 хонаи якҳуҷрагӣ дар шаҳри Душанбе

Бурди туҳфаҳо то 15 моҳи минбаъдаи марҳила оғоз мегирад.

Мизоҷон аз кадом минтақаҳои мамлакат дар иқдом иштирок карда метавонанд?

Вобаста ба мансубияти манбаи (сарчашмаи) қабули интиқол иштирокчиён шартан ба 3 (се) минтақаи алоҳида- Душанбе/НТМ, вилояти Суғд ва вилояти Хатлон тақсим шуда, ба ҳар минтақа рамзи алоҳида пайваст шудааст. Вобаста аз он ба иштирокчиёни иқдом рақами тартибӣ пешниҳод мешавад.

Бурди давраҳои аксия дар муддати то 15 рӯз баъди ҷамъбасти ҳар моҳ гузаронида мешавад.

Шитобед! Аксия аз 01.04.2024 то 31.10.2024 сол эътибор дорад.

Имконияти бурди яке аз 3 хонаи якҳуҷрагӣ дар шаҳри Душанбе ва туҳфаҳои пулиро аз даст надиҳед! Интиқоли пулиро ба корти Бонки Эсхата қабул ва ирсол намуда, иштирокчии иқдом гардед!

Корт надоред?

Дархост гузоред, ба шумо занг мезанем: https://eskhata.tilda.ws/ib/site

Барои маълумоти иловагӣ ба рақами 808 занг занед.

АКС: Бонки Эсхата

Апрель 9, 2024 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Амонатбонк» конференсияи ҷумҳуриявии кормандони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва суғуртавӣ доир шуд
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 10.6613 то 10.7000 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0. 1165 то 0.1180 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Бонки миллии Тоҷикистон оид ба усулҳои ҳисобкунии захираҳои суғуртавӣ даври омӯзишӣ доир шуд
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1159 то 0.1155 сомонӣ муқаррар шудааст
ЭҲТИРОМИ ПУЛИ МИЛЛӢ-ЭҲТИРОМИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ. Чоп кардан ё ба муомилот баровардани пул ё коғазҳои қиматноки қалбакӣ ҷинояти вазнин аст
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 10.6700 то 10.7000 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0. 1160 то 0.1190 сомонӣ муқаррар шудааст
Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон вобаста ба роҳҳои пешгирии амалҳои қаллобӣ барои мутахассисони филиалҳои ташкилоти қарзии молиявии Суғд машварат гузаронид
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 евро аз 11.8696 то 12.0000 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0. 1153 то 0.1180 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 евро аз 11.8219 то 11.9000 сомонӣ муқаррар шудааст