ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ-2024. Паҳлавонони тоҷик дар он соҳиби се медали биринҷӣ шуданд

Апрель 22, 2024 17:34

ДУШАНБЕ, 22.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи охири Чемпионати Осиё оид ба гӯштини ҷудо дар шаҳри Ҳонгконги Ҷумҳурии Мардумии Чин паҳлавонони тоҷик Комроншоҳ Устопириён дар вазни то 90 кг, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кг ва Темур Раҳимов дар вазни +100 кг қувва озмуданд. Дар натиҷа Комроншоҳ мақоми ҳафтумро гирифта, Ҷаҳонгир ва Темур медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар вазни то 90кг Комроншоҳ Устопириён дар даври аввал озод буд ва дар даври дуюм бар намояндаи Кувайт – Дашти Юсуф ғалаба карда, ба марҳилаи чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Дар ин марҳила Комроншоҳ Устопириён дар рақобати тӯлонӣ бо ҷудокори муғул Гантугла Алтанбагана бо имтиёзи иппон мағлуб шуд ва рақобатро дар даври тасаллобахш идома дод.

Комроншоҳ Устопириён дар рақобати тасаллобахш аз ҷудокори қирғиз Эрлан Шеров мағлуб шуда, байни 20 ҷудокори ин вазн мақоми ҳафтумро гирифт. Комроншоҳи Устопириён ягона ҷудочии тоҷик аст, ки дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини ҷудо ба гирифтани ду медали тилло даст ёфтааст.

Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кг дар даври аввал бар Шенг Кай Лин аз Тайпеи Чин бо имтиёзи зебои иппон зафар ёфт. Ҷаҳонгир Маҷидов дар даври чаҳорякниҳоӣ бо ҷудочии муғул Батхуяг Гончигсурен неру санҷида, мағлуб шуд ва дар рақобати тасаллобахш бо имтиёзи иппон паҳлавони ҳиндӣ Автар Сингҳро моҳирона шикаст дода, муборизаро барои медали биринҷӣ идома дод.

Ҷаҳонгир Маҷидов дар мубориза барои нишони биринҷӣ бо имтиёзи вазарӣ ба муқобили Нурлюхан Шархани қазоқ пирӯз шуда, аввалин бор медали биринҷии Чемпионати Осиё оид ба гӯштини ҷудоро соҳиб шуд.

Паҳлавони дигар Темур Раҳимов дар вазни +100 кг дар даври аввал озод буд ва рақобатҳоро дар даври чаҳорякниҳоӣ оғоз кард. Дар ин марҳила ҷудочии мо бар варзишгари индонезӣ Дарма Агастя зафар ёфта, ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт.

Дар даври нимниҳоии Чемпионтаи Осиё оид ба гӯштини ҷудо Темур Раҳимов бо Ота Ҳюогаи ҷопонӣ неру санҷида, бо як имтиёзи вазарӣ мағлуб шуд.

Дар мубориза барои медали биринҷӣ паҳлавони тоҷик ҷудочии Баҳрайн Азамат Чотчаевро бо имтиёзи иппон шикаст дод. Ин медали сеюми биринҷии Тоҷикистон дар Чемпионтаи Осиё оид ба гӯштини ҷудо дар Ҳонгконг буд.

Қаблан Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кг ва Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг соҳиби медали биринҷӣ шуда буданд.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Апрель 22, 2024 17:34

Хабарҳои дигари ин бахш

DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Дар рӯзи аввали мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон 3 медал ба даст оварданд
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Обид Ҷебов дар вазни -66 кг соҳиби медали нуқра гардид
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Муллораҷаб Халифаев медали биринҷии мусобиқаро ба даст овард
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни -60 кг медали тилло ба даст овард
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни -60 кг ба финал роҳ ёфт
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Ҳақдод Гулов барои медали биринҷӣ мубориза мебарад
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Муллораҷаб Халифаев барои медали биринҷӣ мубориза мебарад
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Обид Ҷебов дар вазни -66 кг ба финали мусобиқа роҳ ёфт
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 5 вазн қувва меозмоянд
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. 390 варзишгар аз 65 кишвари панҷ қораи ҷаҳон барои ҷойҳои ифтихорӣ қувва меозмоянд
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Саҳифаи наве дар таърихи варзиши Тоҷикистон
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Cитораҳои ҷудои дунё Тедди Ринер ва Шоҳей Оно ба Тоҷикистон омаданд