ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд

Апрель 24, 2024 16:14

ДУШАНБЕ, 24.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 25 апрел то 8 май дар шаҳри Остонаи Қазоқистон Чемпионати Осиё байни ҷавонон баргузор мегардад, ки дар он муштзанони тоҷик иштирок менамоянд. Мусобиқа байни муштзанони 18 ва 22-сола (писарону духтарон) баргузор мегардад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи бокси Тоҷикистон хабар медиҳад.

Конфедератсияи бокси Осиё тасмим гирифтааст, ки барои кам кардани хароҷоти федератсияҳои миллӣ мусобиқаҳои ин ду гурӯҳи синнусолӣ дар як ҷо баргузор шаванд. Мусобиқа дар шаҳри Остона ду ҳафта давом мекунад.

25 апрел бо омадани ҳайатҳо ба пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона Чемпионати Осиё оид ба бокс байни писарону духтарони то 22-сола оғоз мешавад. Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон муштзанҳои солҳои таваллудашон 2002, 2003, 2004 ва 2005 метавонанд дар гурӯҳи то 22-сола иштирок намоянд. Муштзанҳои соли таваллудашон 2006 ва 2007 ҳақ доранд дар ин мусобиқаи қитъавӣ дар гурӯҳи наврасон баромад намоянд.

Ёдовар мешавем, ки охирин Чемпионати Осиё оид ба бокс байни писарон ва духтарони то 22-сола дар шаҳри Бангкоки Тайиланд моҳи январи соли 2023 баргузор шуда буд.

Ҳамчунин ин мусобиқа марҳилаи омодагии муштзанони ҷавон ба Чемпионати ҷаҳонии бокс аст, ки моҳҳои октябр-ноябри соли 2024 дар Хорватия баргузор мешавад.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс барои синни 22- сола аз Меҳроҷиддин Баротов дар вазни то 48 кг, Меҳрон Шафиев дар вазни 51 кг, Меҳроҷ Зоидов дар вазни 54 кг, Хусравхон Раҳимов дар вазни 57 кг, Абубакр Муродзода дар вазни 60 кг, Довуд Маҳкамов дар вазни 71 кг ва Шаҳбоз Ҳаитов дар вазни 80 кг иборат мебошад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс барои синни 18-сола дар ҳайати Муинхоҷа Муминов дар вазни 48 кг, Меъроҷ Суфиҷонов дар вазни 51 кг, Анӯшервон Фозилов дар вазни 54 кг, Дамир Мубайлихонов дар вазни 57 кг, Мусъаб Мирзоев дар вазни 60 кг, Руслан Ғафуров дар вазни 63 кг, Баҳромбек Ҳотамов дар вазни 71 кг, Зиёратшоҳ Қосимов дар вазни 75 кг, Сунатулло Нозимов дар вазни 92 кг, Ҳангома Исоева дар вазни 57 кг ва Муҳаррамхон Тошхуҷаева дар вазни 70 кг дар ин мусобиқаи сатҳи баланд иштирок менамояд.

АКС: Федератсияи бокси Тоҷикистон

Апрель 24, 2024 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии дӯстона дастаи Арабистони Саудиро мағлуб намуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал пеш аз Ҷоми Осиё-2026 се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад
Таҷрибаи академияҳои маъруфи ҷиу-ҷитсуи ИМА барои рушди варзиш дар Тоҷикистон омӯхта мешавад
Дар Душанбе қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба Ҷоми Осиё-2026 омодагӣ мегирад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо тимҳои Арабистони Саудӣ ва АМА бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА барои соли 2026 дохил шуданд
«Cоро компания» ғолиби Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2025 гардид
Соли 2025 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 2 ҳазор медал ба даст оварданд
Ситораи футболи тоҷик Муҳсин Муҳаммадиев дар 60-солагӣ аз дунё даргузашт
Мутахассиси варзида аз Ҷумҳурии Сербия сармураббии нави дастаи «Хуҷанд» таъйин гардид