Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи Ҳафтаи илм конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд

Апрель 5, 2024 16:33

ДУШАНБЕ, 05.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи Ҳафтаи илм конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии олимони Академия баргузор шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия хабар медиҳад, конференсия ба масъалаҳои арзишманди дорои аҳамияти байналмилалӣ, аз қабили «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, солҳои 2020-2040», «Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028 ва Соли маърифати ҳуқуқӣ бахшида шуд.

Зимни конференсия президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвақтзода ба олимону кормандони академия дар ҷодаи илм барору комёбӣ орзу намуда, расидан ба  натиҷаҳои назаррасро дар ин самт таъкид намуд.

Гуфта шуд, ки Ҳафтаи илм фурсати хубе барои табодули андешаву дастовардҳои илмии ҳайати олимони Академия ва таҳрикбахш дар ростои машғул шудан ба пажуҳишҳои илмӣ аст. Барои беҳтар намудани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин тавсеяи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 — 2040 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон шудаанд. Ин иқдом ба рушди тафаккури техникӣ ва тавсеяи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад.


Дар ҷаласа олимон дар мавзуъҳои «Ҳамкории байналмилалии занони олим ҳамчун шарти баробарии гендерӣ дар омӯзиши илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ — намуна аз Тоҷикистон», «Хатарҳои глобалӣ ба гуногунии биологӣ ва экосиситемаҳо», «Терроризм ва хавфҳои репутатсионӣ ҳамчун усули технологияҳои сиёсӣ», «Усулҳои муосири ташхис ва табобати фишорбаландии дуюмдараҷа»  сухан намуданд.

Кори конференсия дар доираи «Ҳафтаи илм» дар муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон то 15 апрел идома меёбад.

Зимнан дар мавзуъҳои  «Солҳои 2022-2026 – солҳои рушди саноат ва саноатикунонии босуръати мамлакат», «Аҳамияти илми маводшиносӣ дар пешрафти саноати мамлакат», «Аҳамияти қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи пиряхҳо», «Тағйирёбиҳои иқлимӣ ва таъсири он ба ҳолати пиряҳои Тоҷикистон», «Истихроҷ, коркард ва содироти канданиҳои фоиданок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Гирифтани ду ҳосил дар як сол аз зироати гандум», «Ҳифзи арзишҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ», «Мероси фарҳангӣ», «Нақш ва мавқеи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муқовимат бо терорризм ва экстремизм», «Нақши илм дар ҳаёти ҷомеа», «Рушди сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ», «Маърифати ҳуқуқӣ – гарави бунёди давлати дунявӣ» ва ғайра маърузаҳои олимони ин муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ пешкаш мегарданд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Апрель 5, 2024 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд
НАВРӮЗИ ХАТЛОН. Фасли баҳор дар ин минтақаи Тоҷикистон пештар оғоз меёбад
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбекистон баргузор мегарданд
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои даврони истиқлол ва иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ба Тоҷикистон ташриф овард