Дар ҷамоатҳои Воруху Чоркӯҳ ва Чилгазиву Лаккони шаҳри Исфара нақшаи даъват пурра иҷро гардид

Апрель 1, 2024 16:47

ДУШАНБЕ, 01.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷамоатҳои Воруху Чоркӯҳ ва Чилгазиву Лаккони шаҳри Исфара дар нахустин рӯзи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ нақшаи пешбинишударо сарбаландона иҷро намуданд.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Дар ҳамаи ҷамоатҳо  бо иштироки  намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, комиссариати ҳарбӣ, собиқадорон, наврасону ҷавонон ва волидони даъватшавандагон гусели наваскарон ба хизмати Ватан-Модар баргузор гардид.

Дар маркази шаҳр низ ба муносибати гусели даъватшавандагон чорабинии бошукуҳ доир шуда, волидони даъватшавандагон, роҳбарияти шаҳр ва собиқадорони меҳнат ҷавононро ба хизмат гусел намуданд.

Ба ҷавонон гуфта шуд, ки хизмат ба Ватан – Модар рисолати фарзандӣ ва қарзи шаҳрвандӣ буда, роҳбарияти мамлакат барои адои хизмати ҳарбӣ шароити зарурӣ фароҳам овардааст.

Воқеан ҳам, солҳои охир ҷавонони мамлакат хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтихори баланди ватандорӣ ва эҳсоси бузурги худшиносӣ медонанд ва маъракаи даъват ба чорабинии завқбахш, хотирмон ва ифтихорӣ табдил ёфтааст. Аз ҷониби дигар, ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайвастани  ҷавонон падидаи сурурбахш буда, нишонаи он аст, ки ҷавонони мо ба ҳимояи марзу буми аҷдодӣ ва таҳкими сулҳу осоиштагӣ ҳаматарафа омода мебошанд.

Дар натиҷаи тадбирҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат, бахусус таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сохторҳои низомии мамлакат тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардидааст.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Апрель 1, 2024 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд