Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
ДУШАНБЕ, 24.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тақрибан 110 ҳазор нафар аз минтақаҳои музофоти Гуандун дар ҷануби Чин, ки дар натиҷаи бориши шадид зарар дидаанд, ба ҷойи бехавф бурда шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии Kazinform иттилоъ медиҳад, дар ин хусус идораи маҳаллии ҳолатҳои фавқулода хабар додааст.
«Аз минтақаҳои зарардидаи вилояти Гуандун тақрибан 110 ҳазор нафар кӯчонида шуда, 25,8 ҳазор нафар фавран дар ҷойҳои амн ҷойгир кунонида шуданд», — иттилоъ медиҳад агентии «Синхуа» бо истинод ба маълумоти идораи вилоятӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда.
Мақомоти Чин чораҳои зидди обхезиро, ки дар натиҷаи боронҳои шадид дар музофоти Гуандун дар ҷануби Чин ба вуҷуд омадаанд, тақвият медиҳанд.
Дар ҷаласае, ки рӯзи душанбе аз ҷониби якчанд идораи давлатӣ, аз ҷумла вазорати идоракунии ҳолатҳои фавқулода ва ситоди давлатии мубориза бо обхезӣ ва хушксолӣ баргузор гардид, зарурати расонидани кумаки фаврӣ ва амалиёти наҷотдиҳӣ, инчунин омодагӣ ба давраи нави бориши шадид таъкид гардид.
Қаблан хабар расида буд, ки 11 нафар бар асари борони шадид дар Чин бедарак шудаанд.
АКС: «Синхуа»








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






