Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
ДУШАНБЕ, 17.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 17 апрел дар доираи баргузории Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон ҳайати ин давлат бо дараи зебоманзар- макони истироҳатию сайёҳии Варзоб шинос гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар медиҳад.
Сипас дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб филми ҳунарии «Таҳаввулот» ба алоқамандони синамо намоиш дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Узбекистон аз 15 то 20 апрел дар шаҳри Душанбе идома меёбанд.
Тибқи барнома, имрӯз, 17 апрел, соати 17:00 дар кинотеатри «Ватан» филми ҳунарии «Ситораи Улуғбек», ки дар он Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, дорандаи нишони «Ситораи Президенти Тоҷикистон» ва унвони фахрии «Арбоби ҳунари Тоҷикистон» Ҳошим Гадоев нақш офаридааст, манзури мухлисону ҳаводорони ҳунари нотакрори ин ҳунарпешаи асил гардонида мешавад.
Рӯзҳои синамои Узбекистон 19 апрели соли 2024, соати 18:00 дар кинотеатри «Ватан» бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод ҳамсар!» анҷом меёбанд.
АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»








«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид






