Дар Данғара мусобиқаи кушоди анъанавии ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ баргузор мегардад

Апрель 8, 2024 17:11

ДУШАНБЕ, 08.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 27 апрел дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мусобиқаи кушоди анъанавии ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) бо иштироки варзишгарони дохилию хориҷӣ аз рӯи се вазн- 65кг, 86кг ва +86кг баргузор мегардад. Дар ин хусус корманди Федератсияи гӯштини миллии «Гӯштингирӣ»-и Тоҷикистон Ҳалим Набизода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.

Дар мусобиқа паҳлавонони тоҷик Шарифҷон Назриев, Хуршед Маҷидов, Ҳақназар Назаров, Фирдавс Насимов, Шакармаҳмад Мирмамадов, Умар Расулов, Улуғбек Раҳимов, Саидшоҳ Раҳматуллоев, Қоим Шукронов, Абубакр Боқиев, Хайрандеш Муродзода, Суҳроб Боқиев, Мирзоҷамил Рамазонов, Субҳиддин Халилзода, Ҳамроз Раҷабов, Додохон Қурбоналев, Суҳроб Муҳаммадиев, Фарзиншоҳ Ҳусейнов, Ғаниҷон Ғаниев, Саидмухтор Расулов, Наврӯзи Каримзод ва дигарон иштирок намуда, ба ҳарифонашон маҳорати олии варзишиашонро нишон медиҳанд.

Ғолибонро туҳфаҳои пулӣ интизор мебошанд. Ба ғолибони ҷойи якуми мусобиқа 5000$, ҷои дуюм 3000$ ва ҷойҳои сеюм 1500$ тақдим мешавад.

Шуруъ аз даври дуюм ба ғолибони ҳар сабқат туҳфаи пулӣ тақдим мегардад.

Сарпарастони мусобиқа Клуби футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, Федератсияи гӯштингирии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара мебошанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 8, 2024 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар Мусобиқаи «CAFA Nations Сup 2025» иштирок мекунад
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ оид ба волейбол байни духтарони то 16-сола баргузор мегардад
Конфедератсияи футболи Осиё тақвими бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 оид ба футзалро тасдиқ намуд
ФУТБОЛ. Пагоҳ дар Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои занона дар гурӯҳи «H» оғоз мешавад
Рақибони дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 маълум шуданд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии дӯстона боз бар тими Амороти Муттаҳидаи Араб ғалаба кард
ФУТБОЛ. Фонди ҷоизавии мусобиқаи «Ҷоми Ҷавонӣ-2025» 60 ҳазор сомониро ташкил медиҳад
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Қирғизистон мусовӣ анҷом ёфт
ФУТБОЛ. Истиқлол» бар «Регар-ТадАЗ» ва «Вахш» бар «Хуҷанд» ғалаба намуд