Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиши рушди робототехника доир шуд
ДУШАНБЕ, 17.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар мавзуи «Рушди робототехника дар минтақа» ҳамоиш баргузор гардид. Ин чорабинӣ пас аз таҳлили амиқи бозори корхонаҳои саноатии вилояти Суғд гузаронида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.
Мақсади асосии ҳамоиш- муайян намудани мушкилоти асосии корхонаҳои саноатӣ дар соҳаи роботизатсия, автоматизатсия ва таҳияи роҳҳои ҳалли онҳо мебошад.
Кормандони Парки технологӣ мушкилоти мавҷударо баррасӣ намуда, муносибатҳои устуворро байни донишгоҳ бо бахши хусусӣ, аз ҷумла корхонаҳои саноатӣ ва марказҳои таълимию ташкилоти байналмилалӣ амалӣ намуданд.
Дар ҳамоиш коршиноси олмонӣ дар соҳаи робототехника Денис Фритше иштирок ва таҷрибаашро рӯнамоӣ намуд.
Дар байни иштирокчиён намояндагони корхонаҳои саноатии «Байзо», «Фаровон», марказҳои таълимии «Афкор», «Аркон» ва «Ҷаҳони мо» ҳузур доштанд.
Ҳамзамон намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла GIZ ва USANT, омӯзгорони донишгоҳҳо, бизнес-инкубатор, Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд ва дигар мутахассисони соҳаи робототехника ва маориф фаъолона иштирок намуданд.
Вохӯрӣ дар фазои мусоиди ҳамкорӣ доир шуда, ҳозирин оид ба масъалаҳои гуногун мубодилаи афкор намуданд.
Иштирокчиён оид ба бартараф намудани монеаҳои мавҷуда, ки ба рушди минбаъдаи робототехника дар вилоят халал мерасонанд, инчунин чӣ гуна мустаҳкам намудани робита байни донишгоҳҳо ва бахши саноат пешниҳодҳо манзур карданд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки саъю кӯшиши муштараки ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор дар ин самт ба пешрафти назаррас дар соҳаи робототехника ва автоматизатсия, ба вуҷуд овардани имконоти нав барои тараққиёти минтақа ва мустаҳкам намудани иқтидори технологии он мусоидат менамояд.
АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон








Дар Душанбе ғолибони якчанд озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар доир ба масъалаҳои таълими забонҳои русӣ ва англисӣ конференсия баргузор гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаҳои Обигарм, Себистон ва Лолагии шаҳри Ҳисор кӯдакистону муассисаҳои таълимӣ бунёд мегарданд
Дар мавзуи «Рушди илми тоҷик дар шароити муосир: инноватсия ва рақамикунонӣ» конференсияи илмӣ доир шуд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври донишгоҳии озмун оғоз шуд
Доир ба иҷрои барномаҳои давлатии соҳаи маориф дар ноҳияи Рашт ҷаласа баргузор гардид
Маркази «Ганҷинаи ҳунаристони маърифат ва фарҳанги миллӣ» ба фаъолият оғоз намуд
ФАРЗАНДОНРО АЗ ТАҲСИЛ МАҲРУМ НАКУНЕД! Дар Душанбе беш аз 40 ҳолати монеъ шудан ба таҳсил ошкор карда шуд
Дар Хуҷанд сохтмони бинои иловагии гимназияи рақами№4 оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ғолибони Олимпиадаи байналмилалӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант конфронси илмӣ-амалӣ доир гардид
«ИЛМ — АСОСИ РУШДИ ИННОВАТСИЯ». Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон конференсияи XI байналмилалии илмӣ доир шуд






