Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон масъалаи омода намудани мутахассисон дар самти технологияҳои иттилоотӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 24.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар мулоқоти ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ Қудрат Давлатзода бо намояндагони Донишгоҳи миллии АвруОсиё ба номи Л.Н. Гумилёви Қазоқистон масъалаҳои омода намудани мутахассисон дар самти технологияҳои иттилоотӣ (IT) аз рӯйи барномаи таълимии муштараки 2+2 дар доираи факултети муштараки байналмилалии технологияҳои иттилоотӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо атрофи мубодилаи академӣ, ҳамкории илмӣ ва мустаҳкам намудани заминаи ҳуқуқии ҳамкорӣ байни ду донишгоҳ ибрози назар намуда, тибқи созишномаи амалкунанда қабули ҳуҷҷатҳоро барои идомаи таҳсил дар Донишгоҳи миллии АвруОсиё ба номи Л.Н. Гумилёв оғоз намуданд.
Ёдовар мешавем, ки барои иҷрои муқаррароти нақшаи чорабиниҳо аз натиҷаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қазоқистон аз 3-4 майи соли 2023 дар заминаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон факултети муштараки байналмилалии технологияҳои иттилоотии Донишгоҳи миллии АвруОсиё ба номи Л.Н. Гумилёв аз рӯйи ихтисосҳои «информатика (самти омӯзгорӣ)», «маъмурикунонӣ, идора ва ҳифзи системаҳо ва шабакаҳои компютерӣ дар корхонаҳо» ва «системаҳои бехатарии иттилоотӣ» таъсис дода шуд.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ








Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






