Дар Файзобод наваскаронро бо тантана ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд
ФАЙЗОБОД, 03.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Файзобод чорабинии Рӯзи даъватшаванда ба таври тантанавӣ баргузор гардид. Зимни он 80 ҷавони синни даъватӣ бо дуои неки падару модарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ гардиданд. Дар ин хусус масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ доданд.
Иброз гардид, ки хизмат ба Ватан-Модар бояд барои ҳар ҷавон ифтихору шараф бошад. Ватанро мисли модари хеш дӯст доштан ва мисли гавҳараки чашм эҳтиёт намудан қарзи ҳар фарзанди миллат аст. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҷавонон мактаби ҳаёт ва ҷасорати мардонагӣ мебошад. Хушбахтона, бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти рӯзмарраи хизматчиён дар қисмҳои ҳарбӣ шароити зарурии маишиву моддӣ муҳайё шуда, дар ҳамаи воҳидҳои низомӣ имрӯз афсарони касбии ботаҷриба баҳри баланд бардоштани малакаи ҳарбиву ҷисмонии ҷавонон, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ ва садоқат ба марзу бум фаъолияти босамар менамоянд.
Зулайхо Боева- модари аскари навдаъват Афзалшои Раҷабмурод аз деҳаи Сари чашмаи Ҷамоати деҳоти Ҷавонон иброз намуд, ки «солҳои охир зиёд гардидани шумораи ҷавононе, ки ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мепайванданд, шоистаи таҳсин аст. Мо, модарони ноҳияи Файзобод фарзандонамонро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия менамоем, то бо камоли ифтихор ва нангу номуси ватандӯстӣ ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ гарданд. Ман ду писар дорам ва фарзанди калонии ман Хусрави Раҷабмурод имрӯзҳо дар яке аз қисмҳои низомии ҷумҳурӣ ҳамчун мутахассис-ронанда адои хизмат менамояд. Дар қисмҳои низомии мамлакат беҳтарин шароит муҳайё гардидааст ва фарзандони мо хуб обу тоб ёфта, ба Ватани азиз хизмат менамоянд. Аз сабаби он ки фарзанди калонии ман мутахассиси хуби мошинҳои калон мебошад, дар қисми низомӣ соҳиби эҳтиром аст. Аз ин рӯ мо, модарон бояд фарзандонамонро соҳиби касб намоем, то дар ҷомеа ҷойгоҳашонро пайдо намоянд. Ман имрӯз дар ин маърака писари хурдиям Афзалшои Раҷабмуродро ба Сафи артиши миллӣ гусел дорам. Ман боварӣ дорам, ки фарзанди ман дар беҳтарин шароит хизмати Ватан-Модарро адо намуда, сарбаландона ба деҳаамон боз мегардад. Мо, модарон бояд фарзандонамонро дар руҳияи ватандӯстӣ, покдилӣ, садоқат ба Ватан, ҳифзи марзу бум, номус ва обрӯи давлату миллат тарбия намоем. Сарбаландона хизмат намудан ба Ватан барои ҷавонписарони тоҷик қарз ва шараф аст».
Хурсандиовар аст, ки имсол аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва Вазорати мудофиаи Тоҷикистон 62 ҷавони синни даъватӣ даври омӯзишии ронандагии ТҶММ «Мададгори мудофиа» – ро хатм намуда, ҳамчун мутахассис ба сафи Артиши миллӣ ҷалб гардиданд.
Дар анҷоми ҳамоиш маросими кулчагазон ва барномаи консертии ҳунармандон доир гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод








Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд






