Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ХОРУҒ, 23.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон машқи мукаммали зернизомҳои ҳудудӣ ва зинавии низоми ягона оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода гузаронида шуд. Дар ин хусус хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан хабар медиҳад.
Дар машқ ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои зернизоми ҳудудӣ ва зинавии ноҳияи Рӯшон иштирок намуданд. Машқи низомӣ тавассути хадамоти иттиолоотии ноҳия бо садои бонги эълони ҷамъшавӣ дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия шуруъ шуд.
Гуфта шуд, ки ҳадафи машқҳои мукаммал баланд бардоштани омодагии мақомоти идоракунӣ, ҳайати шахсии комиссияҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ доир ба ҳолатҳои фавқулода, комиссияи эвакуатсионӣ, рушди маҳорати касбии ҳайати шахсии ҳамаи мақомоти дахлдор мебошад. Соли 2023 ҳангоми рух додани офатҳои табиӣ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъа гурӯҳҳои наҷотдиҳӣ ва сокинони маҳаллӣ дар наҷот додани ҷон ва молу мулки зарардидагон маҳорату малакаи хуби касбӣ нишон доданд. Маҳз чунин машқҳои мукаммал имконият фароҳам оварданд, ки дар пешгирӣ, наҷотдиҳӣ ва барқарор кардани зарари офатҳои табиӣ ба таври касбӣ амал намоянд.
Минтақаи кӯҳистони Бадахшон бо иқлим ва мавқеи ҷойгиршавии ҷуғрофияш аз ҳамаи минтақаҳои қаламрави мамлакат фарқ дошта, дар ҳар фасли сол дар ин ҷо ҳодисаҳои зиёди табиӣ ба амал меоянд.
Марҳилаи аввали машқҳо дар шакли назариявӣ гузаронида шуда, иқдоми амалӣ бо иҷрои корҳои пешгирикунанда ва соҳилмустаҳкамкунӣ, инчунин кӯчонидани аҳолӣ аз мавзеъҳои зери хавф қарордошта ба минтақаҳои бехавф идома ёфт.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд






