Дар ноҳияи Варзоб вобаста ба ҷалби ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ вохӯрӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 30.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб доир ба ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имомхатибон, фаъолон, раисони кумитаҳои маҳал, намояндагони маориф ва оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ вохӯрӣ доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб.
Дар мулоқот иброз гардид, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи Ватан барои ҳар ҷавон мактаби бузурги ҳаёт, ҷасорату мардонагӣ ва далерию шуҷоат ба ҳисоб меравад. Имрӯз аксари ҷавонони ноҳияи Варзоб ба таври ихтиёрӣ, бо дарки масъулияти фарзандӣ ва ватандӯстӣ баҳри иҷрои вазифаҳои конститутсионию ҷавонмардӣ ба хизмати ҳарбӣ ҳозир мешаванд. Ҷавонон имрӯз ба ҳамон аҳди анъанавии ҷавонмардонаи худ содиқ монда, дар хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз мактаби бузурги ҳаёт, ҷасорату мардонагӣ ва далерию шуҷоат мегузаранд.
Гуфта шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат Артиши миллӣ зина ба зина комил ва пуриқтидортар гардида, қобилияти ҳифз, нигаҳдории ҷумҳурӣ ва оромии ҷамъиятро ба худ касб намуд. Сол аз сол шароити хизмат барои сарбозон дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ беҳтар гардида, инфрасохтори наву замонавӣ бо тамоми шароити зарурӣ сохта мешаванд.
Таъкид гардид, ки Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо онро ба хубӣ дарк карда, дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор додаанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб










Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд






