Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд

Апрель 24, 2024 13:37

ДУШАНБЕ, 24.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ дар мавзуи «Илм аз дидгоҳи олимони ҷавон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки он аз ҷаласаи пленарӣ ва  бахшҳои алоҳида доир ба равияи илмҳо   иборат буд. 

Бахши конфронс доир ба масъалаҳои мубрами илмҳои физика, математика ва техникӣ дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040) дар толори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки як зумра олимони ҷавони агентӣ доир карда шуд.

Дар конференсия таъкид гардид, ки саҳми   олимони ҷавон дар рушди илмҳо, хусусан физика, математика ва табиатшиносӣ бояд назаррас бошад, зеро бе ташаккули зеҳнияти наврасону ҷавонони   соҳибистеъдод, бе омӯзонидани донишҳои замони муосир, таълими электронӣ, таъсиси озмоишгоҳҳо ва ворид намудани технологияи замонавӣ дар ҷаҳони муосир ҳеҷ ҷомеа наметавонад ба ҳадафҳои неку ояндасози худ ноил шуда, рушди минбаъдаи сармояи инсониро таъмин намояд. Асри 21 асри илм ва технология дониста шуда, дар замони ҷаҳонишавӣ ва инкишофи илми муосир   танҳо мутахассисони   соҳибкасб метавонанд дар пешрафт ва ҳифзи арзишҳои миллии ҳар давлат саҳми бориз дошта бошанд.

Дар ҳамоиш мубоҳисаҳои илмӣ доир гардида, иштирокчиён ба саволҳояшон посухҳои мушаххас гирифтанд.

АКС: Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ  ва робита бо ҷомеаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Апрель 24, 2024 13:37

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд