Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 24.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ дар мавзуи «Илм аз дидгоҳи олимони ҷавон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки он аз ҷаласаи пленарӣ ва бахшҳои алоҳида доир ба равияи илмҳо иборат буд.
Бахши конфронс доир ба масъалаҳои мубрами илмҳои физика, математика ва техникӣ дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040) дар толори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки як зумра олимони ҷавони агентӣ доир карда шуд.
Дар конференсия таъкид гардид, ки саҳми олимони ҷавон дар рушди илмҳо, хусусан физика, математика ва табиатшиносӣ бояд назаррас бошад, зеро бе ташаккули зеҳнияти наврасону ҷавонони соҳибистеъдод, бе омӯзонидани донишҳои замони муосир, таълими электронӣ, таъсиси озмоишгоҳҳо ва ворид намудани технологияи замонавӣ дар ҷаҳони муосир ҳеҷ ҷомеа наметавонад ба ҳадафҳои неку ояндасози худ ноил шуда, рушди минбаъдаи сармояи инсониро таъмин намояд. Асри 21 асри илм ва технология дониста шуда, дар замони ҷаҳонишавӣ ва инкишофи илми муосир танҳо мутахассисони соҳибкасб метавонанд дар пешрафт ва ҳифзи арзишҳои миллии ҳар давлат саҳми бориз дошта бошанд.
Дар ҳамоиш мубоҳисаҳои илмӣ доир гардида, иштирокчиён ба саволҳояшон посухҳои мушаххас гирифтанд.
АКС: Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






