Дар пояи муҷассамаи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар шаҳри Рими Италия аз номи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон гулчанбар гузошта шуд

Апрель 27, 2024 10:04

ДУШАНБЕ, 27.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Рими Ҷумҳурии Италия бо нишони олии қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба саромадони адабиёти классикии тоҷику форс аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди муҷассамаи шоири номдори тоҷику форс Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ гулчанбар гузошта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Муҷассамаи муаллифи «Шоҳнома»-и безавол Абулқосим Фирдавсӣ, ки шуҳрати ҷаҳонӣ дорад, дар Боғи «Вилла Боргезе» дар маркази пойтахти Италия — шаҳри Рим гузошта шудааст.

«Вилла Боргезе» ҳамчун як боғи машҳури римӣ дар маркази шаҳр, дар ноҳияи Париолӣ ҷойгир буда, масоҳати он 80 гектарро ташкил медиҳад.

Ин сеюмин боғи калони ҷамъиятӣ дар Рим мебошад, ки бо услуби неоклассикӣ соли 1825 аз ҷониби меъмор Луиҷӣ Канина бунёд шудааст.

Боғи «Вилла Боргезе» дорои биноҳо, муҷассамаҳо, фаввораҳое мебошад, ки дар атрофи дарахтони қадимӣ, ҳавзҳо, боғҳои итолиёвӣ ва майдонҳои кушоди калон бунёд ёфтааст. Дар ҳудуди боғи муосири «Вилла Боргезе» даҳҳо адад бинои таърихӣ мавҷуд аст, аз ҷумла худи «Вилла Боргезе» ё «Қасри хурд» — Паласзина, ки бо галереяи санъати худ машҳур аст. Дар боғҳои Боргезе инчунин ёдгориҳои меъмории ландшафтҳои асрҳои 18-19 гузошта шудааст.

Бояд гуфт, ки дар баробари Абулқосим Фирдавсӣ дар ин макони зебои сайру саёҳат муҷассамаи даҳҳо нобиғаҳои дигари олам гузошта шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки аз 22 то 26 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Италия ва Давлати Ватикан қарор доштанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 27, 2024 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд