Дар се моҳи соли 2024 кишоварзони вилояти Хатлон ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзиро ба беш аз 1,3 миллиард сомонӣ расониданд
ДУШАНБЕ, 16.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 апрели соли 2024 дар бахшҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии вилояти Хатлон дар майдони 182737 гектар кишти зироат гузаронида, иҷрои дурнамо 59,3 фоиз таъмин карда шуд. Аз ҷумла, дар майдони 122711 гектар ғалладонагиҳо якҷоя бо тирамоҳӣ, 23327 гектар зироати техникӣ, аз он 16338 гектар пахта, 17277 гектар сабзавот, 5783 гектар картошка, 6651 гектар полезӣ ва 5338 гектар зироати хӯроки чорво кишт карда шудааст. Кишоварзони вилоят дар ин давра ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзиро ба 1 млрд. 367 млн. сомонӣ расониданд, ки афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 106,0 фоиз, аз ҷумла дар бахши растанипарварӣ 110,7 фоиз ва дар бахши чорводорӣ 105,8 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин хусус имрӯз, 16 апрел зимни ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар се моҳи аввали соли 2024, ки таҳти раёсати Раиси вилоят Давлаталӣ Саид доир гардид, иттилоъ дода шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад, нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавии вилоят дар 3 моҳи соли 2024 ба 5 млрд. 378 млн. сомонӣ расида, суръати афзоиши он нисбат ба соли гузашта 108,1%-ро ташкил медиҳад. Ҳиссаи вилоят дар Нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавии ҷумҳурӣ 20,2%–ро ташкил медиҳад.
«Нақшаи андозҳо бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 102,5% таъмин гардида, ба буҷет 649,9 млн. сомонӣ маблағ ворид карда шудааст, ки нисбат ба нақша 15,9 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 107,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад.Нақшаи андозҳо 102,1% таъмин гардида, 547,5 млн. сомонӣ маблағ ворид карда шудааст, ки нисбат ба нақша 11,4 млн. сомонӣ зиёд аст»,- гуфта шуд дар ҷаласа.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки содироти мол ба 66,2 млн. доллар расида, нисбат ба соли 2023-ум 182,7% ё 30 млн. доллар зиёд мебошад. Воридоти мол ба вилоят 54,4 млн. долларро ташкил додааст.
Таъкид гардид, ки дар «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025» татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 млрд. сомонӣ пешбинӣ карда шудааст.
Тибқи натиҷаи мониторинги иҷро ҳамагӣ 159 лоиҳа ба маблағи 4,5 млрд. сомонӣ иҷро гардидааст, ки аз ҳаҷми маблағҳои пешбинишуда 54,2% мебошад. Ҳамчунин, дар 88 лоиҳа корҳо идома дошта, аз ҳисоби иҷрои лоиҳаҳо 43,2 фоизро дарбар мегирад.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






