Дар шаҳри Гулистон Форуми байналмилалии сайёҳӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 13.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Суғд-чорроҳаи бузурги шоҳроҳи абрешим»- таҳти чунин унвон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми байналмилалии сайёҳӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.
Дар форум роҳбарияти вилояти Суғд, Кумитаи рушди сайёҳӣ, меҳмонон аз вилоятҳои Фарғона ва Намангони Узбекистон, намояндагони консулии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд, созмонҳои байналмилалӣ, ассотсиатсияҳои тиҷоратӣ, бонкҳо, ширкатҳои сайёҳӣ ва тарабхонаҳо аз Қазоқистон, Узбекистон, Тоҷикистон ва Русия иштрок намуданд.
Баррасии омилҳои асосӣ барои рушди хизматрасонӣ дар субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ, ҷалби мизоҷон, менеҷмент ва идоракунӣ, мубодилаи таҷриба бо мутахассисони соҳа дар Осиёи Марказӣ ва Русия ва таҳияи барномаҳои таълимӣ барои баланд бардоштани самаранокии корпоративӣ аз ҳадафҳои асосии форум буд.
Гуфта шуд, ки омода намудани мутахассисони соҳибтаҷриба дар соҳаи хизматрасонӣ ва кор бо мизоҷон метавонад ба ҷалби сайёҳон заминаи мусоид гузорад.
АКС:Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон










Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад






