Дар шаҳри Минск иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид

Апрель 26, 2024 08:50

 ДУШАНБЕ, 26.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Минск  Намоишгоҳи байналмилалии хизматрасонии сайёҳии «Истироҳат-2024» («Отдых-2024») баргузор гардид, ки дар он Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода иштирок намуда, имконоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистонро рӯнамоӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар медиҳад.

Бахтовар Сафарзода ба таври муфассал дар бораи рушди босуръати соҳаи туризм дар мамлакат маълумот дода, таъкид намуд, ки солҳои охир дар Тоҷикистон барои қабули меҳмонони хориҷӣ ва сармоягузорӣ ба соҳаи сайёҳӣ пайваста шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

Зимни муаррифии самт таъкид гардид, ки Тоҷикистон як ҷозибаи сайёҳии замонавӣ мебошад, зеро дар он на танҳо мероси густурдаи фарҳангию таърихӣ, балки мавқеи мусоиди ҷуғрофӣ бо манзараҳои гуногуни табиӣ, минтақаҳои истироҳатӣ, олами наботот ва ҳайвоноти беназир ҷойгир шудааст.

Ҳамзамон ба  иштирокчиёни чорабинӣ наворҳо оид ба  иқтидори сайёҳӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ки тасвиргари табиати зебоманзару нотакрор, маконҳои тамошобоби таърихию  замонавӣ ва инчунин дастовардҳои иқтисодии мамлакат буданд, намоиш дода шуданд.

Ҳамоиши «Истироҳат-2024» бузургтарин намоишгоҳи сайёҳии Беларус дар бахши «гардишгарӣ ва фароғат» мебошад. Ҳамоиш абзори тиҷорати байналмилалӣ барои кишварҳо, минтақаҳо ва ширкатҳои сайёҳӣ мебошад, ки маҳсулот ва хизматҳоро ба бозори Беларус пешниҳод менамоянд.

Дар намоишгоҳ ҳар сол зиёда аз 300 нигоранда аз давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар кишварҳои хориҷӣ иштирок менамояд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус

Апрель 26, 2024 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд