Дар шаҳри Турсунзода вобаста ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ машварати омӯзишӣ доир шуд

Апрель 19, 2024 18:58

ДУШАНБЕ, 19.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 19 апрел аз ҷониби Филиали 15-и Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳри Турсунзода дар самти ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, хизматрасонии фосилавӣ, истифодаи замимаи барномаи мобилии «Амонат-мобайл» дар осорхонаи  шаҳри Турсунзода бо иштироки намояндагони мақомоти шаҳр,  соҳибкорон, омӯзгорон ва кишоварзон  машварати омӯзишӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири филиали 15-и Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳри Турсунзода Музаффар Мирализода иттилоъ дод. 

Машварати омӯзишӣ ба иҷрои Фармони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 22 июни соли 2023 равона гардид.

 Дар машварати омӯзишӣ ба иштироккунандагон кортҳои пардохтии фарогир ройгон дастрас карда шуд. Ҳамзамон барои боз ҳам беҳтар намудани ҳолати соҳаи кишоварзӣ, афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ иқдоми пешниҳоди қарзҳо таҳти унвони «Баҳор-2024»  бо меъёри 18 фоизи солона бо пули миллӣ пешниҳод гардид. 

АКС: «Амонатбонк»

Апрель 19, 2024 18:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0344 то 11.0400 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1198 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8300 то 11.0243 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1195 то 0.1211 сомонӣ муқаррар шудааст