Дар шаш минтақаи Тоҷикистон сел ба амал омад

Апрель 29, 2024 16:53

ДУШАНБЕ, 29.04.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти аҳолӣ мерасонад, ки дар мамлакат бар асари  бориши шадид хатари фаромадани сел, ярч, сангрезӣ ва фаромадани тарма боқӣ мемонад. Дар ин ҳолат Кумита ба аҳолӣ тавсия додааст, ки барои пешгирӣ аз оқибатҳои сел каналҳо, обанборҳо ва заҳбурҳоро тоза кунанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.

           Гуфта шуд, ки давоми 24 соати охир дар шаш минтақаи мамлакат сел сабт шудааст. Ба иттилои манбаъ, 28 апрел, соати 16:30 бо вақти маҳаллӣ бар асари бориш сел аз теппаҳои атроф ба ҳудуди деҳоти Шараф, Садоқат ва Тоҷикободи Ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ фаромад. Инчунин роҳҳоро об зер кард.

28 апрел, соати 15:40 аз теппаҳои атроф ба деҳаҳои Даҳанаи Ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон сел фаромада, об роҳҳоро баст. Соати 20:45 дар деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон сел 18 қитъаи заминро зери об монд. Дар ҷои ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия фаъолият дорад. Зарари расида муайян карда шуда, барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ кор давом дорад.

Худи ҳамон рӯз, соати 17:30 ба вақти маҳаллӣ бориши шадид боиси боло рафтани сатҳи оби канали Хоҷқалъаи деҳаи Зафарободи Ҷамоати деҳоти ба номи Қ.Ғиёсови ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон гардид. Дар натиҷаи сел 13 қитъаи замини наздиҳавлигии сокинон ва роҳҳои ин деҳа зери об монд. Ҳамчунин комиссияи фавқулодаи ноҳия дар ҷойи ҳодиса кор карда, барои бартараф намудани оқибатҳои он кор идома дорад.

28 апрел дар Ҷамоати деҳоти Кӯлоб, дар наздикии шаҳраки Нобиноиёни (Лағмон-2)-и шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон дар натиҷаи бориши шадид сатҳи оби дарё боло рафта, хатари шуста шуданро ба вуҷуд овард. Барои бартараф намудани вазъият маҷрои дарё бо ёрии техника ба масофаи 150 метр дигар карда шуд.

Инчунин дар махаллаи «Хати роҳ» сатҳи оби Девонасой баланд шуда, дар натиҷа сой пур аз лой ва сангреза шудааст. Бо ҷалби техникаи махсуси Раёсати мелиоративии шаҳри Кӯлоб  сой тоза карда шуд.

28 апрел болоравии сатҳи оби дарёи Ёхсу ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа садди муҳофизатии дарёро дар қитъаи Кӯчабоғи Ҷамоати деҳоти ба номи Х. Раҷабов, ноҳияи Восеи вилояти Хатлон шуста бурд. Бо ёрии 4 агрегати махсуси Раёсати мелиоративии ноҳияи Восеъ ба масофаи 120 метр хандақ кофта, дар майдони муайяншуда 14 садди оҳану бетонӣ гузошта шуд.

28 апрел болоравии сатҳи оби дарёи Сурхоб низ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Баҳманрӯд ва деҳаи Шибанаи Ҷамоати деҳоти Чилчаи ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон сарбандҳои муҳофизатӣ қисман шуста шуданд. Бар асари омадани сел дар ин манотиқ талафот ва харобиҳо ба мушоҳида нарасидаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва рӯдхонаҳое, ки аз теппаҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, хатари фаромадани сел, ярч, сангрезӣ ва болоравии сатҳи об боқӣ мемонад.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 29, 2024 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад