Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд

Апрель 25, 2024 16:11

ДУШАНБЕ, 25.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони техникии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ба омодасозии майдонҳое шуруъ намуданд, ки дар онҳо соли 2024 пойгоҳҳои базавии нави алоқаи мобилӣ насб мешаванд. Корҳои васеъмиқёс моҳи май оғоз меёбанд. Дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ сохтмони беш аз 120 сайт ва муосиргардонии 110 пойгоҳи қаблан насбшудаи насли дуюм ва сеюм дар нақша аст. То охири сол стандарти баландсуръати 4G/LTE дар  80% тамоми пойгоҳҳои базавии ширкат дастрас хоҳад шуд. Илова бар ин, оператор садҳо километр хатҳои нави алоқаи нахӣ –нурии магистралӣ бунёд менамояд.

Вилояти Хатлон 

Сохтмони азимтарин Хатлонро интизор аст. Дар ин ҷо муосиргардонии ҳудуди 70 пойгоҳи базавӣ ва насби 27 пойгоҳи базавии нав дар назар аст. Майдонҳои иловагӣ дар шаҳрҳои Бохтар ва Левакант, ноҳияҳои Ҷайҳун, Қубодиён, Кушониён, Муъминобод, Фархор, Шаҳритус ва Ёвон пайдо мешаванд.

Зарфияти хатҳои алоқаи нахӣ –нурӣ дар масири Бохтар – Левакант – Ёвон – Душанбе аз 1 Гбит/с то 40 Гбит/с меафзояд. Ҳамчунин хатҳои нави нахӣ – нурии магистралии «Данғара – Темурмалик – Кӯлоб – Восеъ» бо дарозии 110 км ва «Бохтар – Вахш – Румӣ – Панҷ» ба масофаи 100 км сохта мешаванд.

Вилояти Суғд

Дар Суғд оператор нақша дорад, ки ҳудуди 50 пойгоҳи базавии стандарти 4G/LTE бунёд намояд. Майдонҳои нави насли чорум дар тамоми ноҳияҳои вилоят пайдо хоҳанд шуд. Илова бар ин дар 30 пойгоҳи базавии аллакай мавҷуда суръати интернет то сатҳи 4G расонида мешавад.

Дар хатҳои калони алоқаи нахӣ – нурӣ як қисми таҷҳизот бо таҷҳизоти нави дорои қобилияти баланди гузариш иваз карда мешавад. Давоми як сол МегаФон Тоҷикистон даҳҳо километр хатҳои алоқаи нахӣ – нурӣ месозад, ки суръати таҳвили маълумотро дар минтақа ба маротиб беҳтар хоҳад кард. Ҳамин тавр, хати Душанбе — Айнӣ, ки 130 км тӯл мекашад, алоқаи бевоситаро байни шимолу ҷануби мамлакат таъмин мекунад.

Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

Дар пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ васеъкунии назарраси зарфияти шабака пешбинӣ гардидааст. Танҳо дар Душанбе 15 майдони нави пойгоҳҳои базавӣ ва боз 26-тои дигар дар ҳудуди ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ пайдо хоҳанд шуд. Сифати хизматрасонии алоқа дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода, маҳалҳои аҳолинишини хурди ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор, Файзобод, Шаҳринав ва ноҳияи Рӯдакӣ беҳтар мегардад. Инчунин хати алоқаи нахӣ — нурии «Роғун – Нуробод» бо дарозии 70 км бунёд мегардад.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки релефи душвори кӯҳӣ дорад, МегаФон Тоҷикистон 4 пойгоҳи базавии нав насб мекунад. Онҳо дар Ванҷ, Рӯшон, Хоруғ ва Шуғнон ҷойгир мешаванд. Боз беш аз 10 майдон муосир гардонида шуда, бо суръати баланди 4G фаъолият менамоянд.

Сохтмони хати радиорелейи байни Хоруғ ва ноҳияи Ванҷ идома ёфта, пас аз анҷоми корҳо қобилияти гузариши он ба 2 Гбит/с мерасад.

АКС: ширкати«МегаФон Тоҷикистон»  

Апрель 25, 2024 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ таҳти унвони «Наҷоти сайёр» дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оғоз шуд
ҲАВАСМАНДИИ ОМӮЗГОРОН. Давоми 18 сол 3394 нафар омӯзгорони ҷавон дар вилояти Хатлон соҳиби замин гардиданд
Доир ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар шаҳри Хоруғ конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
137 акси аксбардори маъруфи тоҷик Заур Дахте ба фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуд
Дар ноҳияи Дарвоз оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
ТАҶРИБАИ НАВ ДАР ЗАФАРОБОД. Дар хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Адҳамхон» 56 адад панели офтобӣ насб карда шудааст
Сокинони ноҳияи Файзобод дар заминҳои наздиҳавлигӣ бештар картошка парвариш менамоянд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони деҳаи Навдеҳи шаҳри Норак таҷрибаи пешқадами кишоварзони ҷаҳонро меомӯзанд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар 86 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Тоҷикистон аз рӯйи 344 номгӯйи ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд
Хиёбони Рӯдакӣ 57: манбаи имкониятҳои рақамӣ дар маркази Душанбе
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 44 дараҷа гарм мешавад