«ДАР ҲУНАР КӮШ…». Маҳсули дасти заргари ҷавону муваффақ Озода Ҳакимова бонувонро зебу зиннат мебахшад
ДУШАНБЕ, 05.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки «Ҳунар беҳтар аз симу зар бувад». Заргари ҷавону муваффақ Озода Ҳакимова дурустии ин мақолро дар амал таҷриба кардааст. Номбурда дар факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар курси дуюм таҳсили ғоибона дошта, ин ҳунари қадимаро аз бобояш — заргари номии шаҳри Кӯлоб Шоҳқурбон Ҳакимов омӯхтааст.
Озода иброз дошт, ки «аз хурдӣ ёд дорам, бобоям бо аҳли оилаамон ба ин кор машғул мебошанд. Бобоям бароям ҳаққи устодӣ дошта, ман аз 14 – солагӣ мустақилона маснуоти заргариро месохтам. Аввалин ороишоти сохтаам гӯшвораи майдаяке буд, ки бо заҳматҳои зиёде омода шуда буду бароям хеле арзиш дошт».
Ин ҳунарманди ҷавон бештари вақташро дар заргархона гузаронида, сохтани ороишоти тиллоӣ барояш ягон мушкилӣ надорад.
«Бештар гӯшвору ангуштарин, гарданбанду қассоба, дастпонаю дастбанд ва ороишоти гуногун омода месозам. Агар нуқраи асл бошад, дар ҳарорати оташ рангаш сафед мешавад, агар қалбакӣ бошад, сиёҳ мегардад», -гуфт ӯ сирри нуқраи аслиро шарҳ дода.
Талабгорони маҳсули дастӣ ӯ зиёданд. Бонувон бештари вақт ба ӯ ороишоти қадима фармоиш медиҳанд. Арӯсон низ дар рӯзҳои хурсандӣ ороишоти сохтаи зинатҳои нақшу нигори классикидошта ӯро истифода мебаранд.
«Ҳунарманд хеҷ гоҳ дар зиндагӣ хор намешавад. Ҳарчанд барои пурра аз худ намудани нозукии ҳар касбу ҳунар заҳмати сангин кашидан лозим меояд. Вақте талабгорони маҳсули дасти ту зиёданду фармоишҳо бисёр ҳама мушкилиҳоро фаромӯш мекуниву хушҳол мешавӣ, ки ҳунар дорӣ»,-илова кард Озода.
Модари Озода бо ду додараш низ ба ин ҳунар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз рӯи ин пеша зиндагии худро пеш мебаранд. Ин хонаводаи ҳунарманд натиҷаи заҳмат ва офаридаҳои бемисли худро дар озмуну намоишгоҳҳои байналмилалӣ пешкаш намуда, соҳиби ҷоизаю мукофотҳо гардидаанд. Маҳсули меҳнати онҳо на танҳо диққати муштариёни дохилӣ, балки хориҷиро низ ҷалб менамояд.
Рухсора НУРЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон»








Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад






