Дар Вашингтон машварати мудирони Хазинаи Байналмилалии Асъор аз давлатҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 22.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Хазинаи Байналмилалии Асъор /ХБА/ ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Вашингтон раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар машварати мудирони Хазинаи Байналмилалии Асъор аз давлатҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.
Дар раванди ҳамоиш ба мудирони Хазинаи Байналмилалии Асъор аз давлатҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ шарҳи вазъи монетарии минтақа пешниҳод гардид.
Иштирокдорони машварат маблағгузории лоиҳаҳои мубориза бо тағйирёбии иқлим, омода намудани бахшҳои молиявӣ марбут ба ояндаи «сабз», стратегияҳои баланд бардоштани омодагӣ ва нақши мақомоти директивӣ дар коҳиш додани хатарҳои марбут ба иқлим дар бахшҳои молиявӣ ва рушди бозорҳои сармояи дохилиро муҳокима намуданд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






