Дурнамои макроиқтисодӣ бо назардошти номуайяниҳо дар бозори молиявӣ дар форуми Вашингтон баррасӣ гардид

Апрель 25, 2024 13:31

ДУШАНБЕ, 25.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои мубрам вобаста ба дурнамои макроиқтисодӣ бо назардошти номуайяниҳо дар бозори молиявӣ дар Форуми баландпоя оид ба идоракунии дороиҳо ва захираҳо, ки дар Вашингтон дар ҳошияи ҷаласаҳои баҳории Хазинаи байналмилалии асъор /ХБА/ ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ доир гардид, баррасӣ шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар форум оид ба идоракунии дороиҳо ва захираҳо Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода иштирок намуд.

Форум дар доираи Барномаи шарикии машваратӣ оид ба идоракунии захираҳои байналмилалии Бонки ҷаҳонӣ (RAMP) ташкил гардида, дар кори он ҳамасола намояндагони сатҳи баланди бонкҳои марказӣ, фондҳо, созмонҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ ва агентиҳои байналмилалӣ иштирок менамоянд.

Дар форум инчунин идоракунии дороиҳои давлатӣ дар вазъи кунунӣ, сармоягузориҳои устувор, ҳамгироии иқлим ва табиат, нақши бонкҳои марказӣ дар идоракунии дороиҳо ва мушкилоти амалиётӣ барои таъсиси чаҳорчӯбаи сармоягузорӣ баррасӣ шуданд.

Бонки миллии Тоҷикистон аз соли 2016 узви Барномаи шарикии машваратӣ оид ба идоракунии захираҳои байналмилалии Бонки ҷаҳонӣ (RAMP) буда, дар самти самаранок идора намудани захираҳои байналмилалӣ корҳои назаррас дар ҳамбастагӣ бо дастаи Бонки ҷаҳонӣ анҷом дода шудаанд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Апрель 25, 2024 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2200 то 10.2472 сомонӣ муқаррар гардидааст
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд