ФИЛМИ ҲУНАРИИ «ВИҶДОН». Дар пасманзари он маконҳои зебои сайёҳиву ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон муаррифӣ мегарданд

Апрель 28, 2024 09:18

ДУШАНБЕ, 28.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027»  ва нақшаи амали он барои солҳои 2023-2025 дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ наворбардории филми ҳунарии «Виҷдон» бо коргардонии Соҳибёр Толиб идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар медиҳад.

Саҳнаҳои филм дар ҳудуди ноҳияҳои Шоҳмансур, Рӯдакӣ, Варзоб, Фурудгоҳи байналмилалӣ ва бозори «Меҳргон»-и  пойтахт рӯйи навор омада, ҳунарпешаҳои театру синамои тоҷик барои офаридани нақшҳо ҷалб гардидаанд.

Гурӯҳи эҷодию техникии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар раванди филмбардорӣ фаъолона иштирок намуда, барои дар сатҳи муносиб наворбардорӣ шудани филм саҳми босазо мегузорад.

Достони филм робитаи падар бо писар ва гуфтугӯйи байни наслҳоро дар ҷомеаи имрӯз тасвир мекунад.

Фаъолияти яке аз қаҳрамонҳои филм дар ширкати сайёҳӣ маконҳои зебою дилфиреби Тоҷикистонро ба намоиш мегузорад. Дар пасманзари филм ҳунарҳои мардумӣ, таому либосҳои миллӣ, маконҳои сайёҳию таърихӣ ва анъанаю маросими миллӣ таҷассум гардида, ба тарғибу муаррифии фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик мусоидат менамоянд.

Муаллиф ва коргардон-таҳиягари филми ҳунарии «Виҷдон» Соҳибёр Толиб, наворбардор Шуҳрат Қурбонов, рассом Фидо Азизмамадов, рассоми либос Эраҷшоҳ Искандаров ва директори филм Субҳон Идиев мебошанд.

АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»

Апрель 28, 2024 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад