ФУТБОЛ. «Истиқлол» дар бозии дӯстона дастаи «Регар-ТадАЗ»-ро мағлуб намуд

Апрель 2, 2024 09:12

ДУШАНБЕ, 01.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар доираи омодагӣ ба мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон 2024 бо дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода вохӯрии санҷишӣ доир намуд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бозии дастаҳо 31 март дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардида, бо ҳисоби калони 4:1 ба фоидаи дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе анҷом ёфт. Ду голро дар ин бозӣ футболбози нави даста Блессинг Элеке зада, ду тӯби дигарро Шервонӣ Мабатшоев ва Алишер Ҷалилов вориди дарвозаи дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода намуданд.

Ягона голи дастаи футбол «Регар-ТадАЗ»-ро Элчибек Рашидбеков, ки нав аз дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ба ин даста гузашт, ба нишон расонид.

Хотиррасон мешавем, ки Алишер Ҷалилов аз ҳайати нави дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе беҳтарин бозингари вохӯрӣ дониста шуд.

АКС: ТВ Варзиш

Апрель 2, 2024 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид