ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА ДАР РӮЙИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ либоси миллиро тарғиб намуданд

Апрель 8, 2024 18:44

ДУШАНБЕ, 08.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи иқдоми тарғиботию ташвиқотии «Тоҷикона мепӯшем!» омӯзгорон ва донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми «Сад ранги чакан»-ро пеш гирифтанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия. 

Зимни иқдоми «Сад ранги чакан» гулдухтарони зебои академия бо либосҳои зебои рангоранги чакан дилҳоро мафтун намуданд

Чакан навъе аз ҳунарҳои мардумӣ мебошад, ки таърихи ниҳоят қадимӣ дошта, ба ҳаёту зиндагӣ, урфу одат ва олами маънавии халқи тоҷик зич алоқаманд аст. Он як навъи гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст, ки бештар дар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст.


Дар гулдӯзии чакан тасвирҳои рамзнок ва мазмунҳои мифологӣ оид ба табиати атроф, кайҳон, орзую омоли мардум истифода мешаванд. Ҳар нақши дар болои матоъ дӯхташуда ном дорад. Ба монанди косагул, гули анор, барги бед, бодомак, лола, райҳон, тоҷи хурӯс, булбул, думи товус, моҳу ситора, офтоб, абр ва монанди инҳо. Маҳорату таҷрибаҳои дӯзандагон аз интихоби матою риштаҳои ранга, нақшкашӣ, дӯхтани гулҳову нақшҳо ва дӯхтани либосҳо иборат мебошад. Риштаҳоро дар даҳсолаҳои гузашта ҳунармандон аз калобаҳои пахтагин тайёр мекарданд.

Бояд таъкид намуд, ки ҳунари чакандӯзӣ унсури ҳувияти миллӣ ба шумор меравад, ки истифодабарандагон бо ифтихор ва меҳру муҳаббат ба ватан маҳсулоти чакандӯзиро истифода менамоянд.

Тавре шоир гуфтааст:

Гулҳои Ватан шукуфта болои чакан,
Дар пешу бари чакан дамидаст чаман.
Бо заҳмати Пешвои миллат имрӯз,
Бар гӯши фалак расида овои Ватан.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 8, 2024 18:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд