Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд

Апрель 24, 2024 08:54

ВАРЗОБ, 24.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Варзоб дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа, ходимони дин ва бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ вохӯриҳои  гурӯҳҳои кории тарғиботӣ бо сокинони ноҳия ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ доир гардиданд. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб  хабар медиҳад.

Дар вохӯриҳо иброз гардид, ки чун дигар шаҳрвандони   Тоҷикистон сокинони ноҳияи Варзоб низ бо меҳру муҳаббат, ихлос, вафодорию ризомандӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини сулҳу ваҳдати комил, иттиҳоду ҳамбастагии сокинони мамлакат, ба хотири ободии бештари ноҳия, зиндагии шоистаю хушбахтонаи фарзандони сарзамин ва дар амал татбиқ намудани сиёсати созандаи давлату Ҳукумат содиқона хизмат менамоянд.

Гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин хотиррасон намуданд, ки «мо имрӯз шукрона мекунем, ки аз баракати истиқлоли давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоии мамлакат, аз ҷумла дар самти озодии виҷдон шароити созгору мусоид фароҳам гардидааст ва имрӯз шаҳрвандони мо фаризаҳои динияшонро озодона анҷом медиҳанд». Аз ин рӯ мо, сокинони ноҳия вазифадорем, ки фарзандонамонро хуб таълиму тарбия намуда, соҳиби касбҳои муносиб гардонем. Ҳамчунин барои ғанӣ гардонидани  буҷети оила ва муҳайё намудани шароити хуби зиндагӣ бояд занон-модарон дар тӯю маъракаҳо ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд,  зиёдаравӣ накунанд ва ба қонунҳои давлат эҳтиром гузоранд.

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб  имрӯзҳо гурӯҳҳои корӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия бо хонандагону волидайни онҳо  ва сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия доир ба иҷро намудани  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», пешгирии ҷинояткорӣ, истифодаи дурусти телефонҳои мобилию шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои муҳим вохӯрӣ мегузаронанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб

Апрель 24, 2024 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад