ХИЗМАТ БА ВАТАН – ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МАН АСТ! Ноҳияи Фархор нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи аввал иҷро намуд
ДУШАНБЕ, 01.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи якуми даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Фархори вилояти Хатлон нақшаро дар қатори аввалинҳо пурра иҷро намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор хабар медиҳад.
Иҷро шудани нақшаи даъвати баҳорӣ дар рӯзи якум нишонаи он аст, ки ҷавонони ноҳия дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихии имрӯза, ки тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст, эҳсоси муқаддаси ҳимояи хоки Ватанро болотар аз ҳама арзишҳо гузошта, омодагиашонро ба ҳифзи сарзамини аҷдодӣ нишод доданд.
Гусели наваскарон дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон дар варзишгоҳи марказии ноҳия ба таври тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомад сокинону меҳмонон, ҷавонону занон, собиқадорони меҳнат ва волидайни даъватшавандагон бо шиору овезаҳои тарғибкунандаи муқаддасоти миллӣ ва гиромидошти арзишҳои волои инсонӣ иштирок намуданд.
Таъкид гардид, ки ташаббуси ихтиёран ҳозир шудани ҷавонписарон ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Фархор барои адои хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат далели он аст, ки имрӯз ҷавонони ноҳия аз сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба пуштибонӣ менамоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор








Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд






