ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид

Апрель 18, 2024 08:00

ДУШАНБЕ, 18.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 18-19 апрел дар шаҳри Душанбе  таҳти унвони «Марҳилаи нави рушд, ҳифз ва муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихиву фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошариф Абдусаломов ба  АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Ҳамзамон барои нозирони ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ин рӯз машварати илмӣ-назариявӣ ва омӯзишӣ доир мегардад.

Бояд гуфт, ки мероси таърихию фарҳангии тоҷикон маҳсули ташаккули ин миллати қадимӣ ба шумор меравад. Он маҳсули тафаккур ва эҷоди тоҷикони тамаддунофар буда, таърихи миллати моро дар давраҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятии ниёгон- аз давраҳои антиқа то имрӯз дар шакли бошишгоҳ, маъбадҳо, қасру қалъа, мақбара, мадраса ва дигар намуди хоси фарҳанги мероси ғайриманқули миллӣ таҷассум менамояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик дар сатҳи дохилӣ ва арсаи байналмилалӣ корҳои ниҳоят зиёд ба анҷом расонида истодаанд-гуфт дар суҳбат бо мо Мирзошариф Абдусаломов.

Ӯ ҳамзамон афзуд, ки  соли 2024   Тоҷикистон 11  ёдгории таърихӣ-фарҳангии Хутали қадимро ба феҳристи умумибашарӣ пешниҳод намуд, ки ин ёдгориҳо «Қалъаи Ҳулбук», «Шаҳристони Ҳулбук», «Манзартеппа», «Қасри шоҳони Хутал» дар ноҳияи Восеъ, ёдгории «Золи Зар», мақбараи «Мавлоно Тоҷиддин»  дар ноҳияи Данғара, Шаҳртеппа, Корвон-саройи Тоҳир (ноҳияи Фархор),  «Хишттеппа» дар ноҳияи Ховалинг,  Дайри буддоии «Аҷинатеппа» дар ноҳияи Вахш ва шаҳраки Ҳалевард- Кофирқалъа дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мебошанд.

Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таъкид гардид, соли 2023 барои кормандони соҳаи фарҳанг соли пур аз дастовардҳои ҷаҳонӣ ба шумор меравад, зеро дар ин сол 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд, ки сабаби  эътибори бештар пайдо намудани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид.

Дар тақвияти ин суханон бояд иброз намуд, ки Тоҷикистон ҳанӯз соли 1993 ба узвияти ЮНЕСКО – яке аз сохторҳои бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг пазируфта шуд.

Сарвраи давлат таъкид намуданд, ки «минбаъд мо барои муаррифии иншооти таърихиву фарҳангии миллати тоҷик талошҳои зиёд ба харҷ додем. Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид мақоми байналмилалӣ гирифтани Соли нави аҷдодии мо – Наврӯз ва аз тарафи ЮНЕСКО ҳамчун мероси фарҳанги башарӣ эътироф гардидани шашмақом, чакан, атласу адрас ва дигар осору арзишҳои тоҷикон имрӯз мояи ифтихори ҳар яки мо мебошад».

Бо дахли ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ дар шароити бархӯрди тамаддунҳо Президенти Тоҷикистон таъкид доштанд, ки «ба хотири муаррифии ҳарчи бештари таъриху фарҳанги миллӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таъриху тамаддуни тоҷикон, тармиму барқарорсозӣ ва муҳофизати ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, рушди сайёҳии таърихиву фарҳангӣ ва ҳимояи арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ мо дар назди Ҳукумати мамлакат сохтори алоҳидаи давлатӣ – Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ таъсис додем».

Соли  2023  9 ёдгории таърихии Тоҷикистон ба Феҳристи асосии мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО ворид шуд.

Ин ёдгориҳо Панҷакенти қадим, шаҳраки Санҷаршоҳ, Тали Хамтӯда, низоми обёрикунии Тоқсанкорез, Оромгоҳи Хоҷа Муҳаммад Башоро, Гардани Ҳисор, Қалъаи Муғ, Қалъаи Кум ва Қалъаи Ҳисорак мебошанд, ки ба номинатсияи фаромиллии «Шоҳроҳи Бузурги Абрешим: долони Зарафшон-Қароқум» дохил мебошанд.

Ба номинатсияи фаромиллии ««Шоҳроҳи Бузурги Абрешим: долони Зарафшон-Қароқум» давлатҳои Узбекистон ва Туркманистон низ ҳамроҳ буда, дар маҷмуъ 31 ёдгориро дар бар мегирад.

Дар омоданамоӣ ва пешбарии ин номинатсияи фаромиллӣ коршиносон ва мутахассисони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони ҳамкор аз Институти байналмиллалии таҳқиқотии Осиёи Марказӣ ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва саҳми калидӣ гузоштаанд.

Ин яке аз дастовардҳои беназири соҳа дар даврони истиқлолияти Тоҷикистон ба шумор рафта, бори дигар далели он аст, ки мамлакати мо таърих ва тамаддуни қадимаи ғанӣ дошта, он рӯз аз рӯз аз ҷониби ҷомеаи мутамаддини башарӣ эътироф мегардад.

Ёдовар мешавем, ки пеш аз ин соли 2010 бо ташаббусҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дахлдори соҳавӣ шаҳри бостонии Саразм ба Феҳристи асосии мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ҳамчун объекти таърихӣ–фарҳангӣ ворид шуда буд.

Ҳамзамон соли 2013 ёдгории табиию фарҳангии Парки миллии Тоҷикистон ба феҳристи ҷаҳонӣ ворид карда шуд.

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти дастовард ва сармояҳои бузурги фарҳангӣ ва таърихӣ ба марҳилаи нави рушд ворид гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳову ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибфарҳангу соҳибтамаддун ва соҳиби таърихи зиёда аз 5500–сола эътироф гардид. То ин муддат намунаи олии мероси фарҳангиву таърихии моддию ғайримоддии тоҷикон, аз ҷумла «Чакан», «Оши палов», «Шашмақом», «Рубоб», «Наврӯз», «Фалак», ҷойҳои таърихӣ «Саразм» ва ғайра ба Феҳристи мероси ҷаҳонӣ ворид шудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Қалъаи Хуҷанд, ки 11 апрели соли 2024  дар маркази маъмурии вилояти Суғд -шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, иброз намуданд, ки «дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор ва даҳҳо ҷашну чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ доир карда шуданд».

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки «баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ, нашри силсилакитоби «Ахтарони адаб», ба ҳар оилаи мамлакат дастрас гардонидани китоби «Тоҷикон»–и Бобоҷон Ғафуров, бунёди даҳҳо театр, қасрҳои фарҳанг, китобхонаҳо ва боғҳои фарҳангу фароғат аз дастовардҳои даврони истиқлоли давлатӣ дар соҳаи фарҳанги миллӣ ба шумор мераванд».

Ба андешаи Президенти Тоҷикистон, ҳоло ин ёдгориҳо барои баланд бардоштани руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳисси миллӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ ва зебоидӯстиву забоипарастии мардуми мамлакат, бахусус наврасону ҷавонон хизмат менамоянд.

София ШОИК,
АМИТ
«Ховар» 

АКС: Шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихиву фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 18, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» тарроҳону ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои мамлакатро дар Душанбе ҷамъ овард
Дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» бахшида ба Иди Наврӯз барномаи фарҳангӣ доир мегардад
Бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо иштироки олимони Тоҷикистон ва Чин конфронс доир мегардад
Дар Институти физикаю техника озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
Абубакри Розӣ аз зумраи нобиғаҳоест, ки дар пешрафти соҳаҳои гуногуни илми ҷаҳонӣ саҳми калон гузоштааст
ҒИЗОИ СОЛИМ. Тоҷикон дар наҳорӣ кадом хӯрокҳоро омода менамоянд?
Вобаста ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва арзёбии илмии равандҳои криосфера конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Душанбе Фестивал-намоиши либосҳои миллӣ баргузор мегардад
«ПИРЯХҲО-НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ ТОҶИКИСТОН». Дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмии ҷумҳуриявӣ доир гардид
РӮЗИ МОДАР. Дар Душанбе бахшида ба он намоиш-фурӯши китоб доир мешавад
Дар Академияи миллии илмҳо масъалаи омоданамоии кадрҳои баланди илмӣ дар самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ баррасӣ шуд
Дар Давҳа Маҷмаи 10-уми умумии Шабакаи ҷаҳонии дипломатияи мардумӣ ба фаъолият оғоз намуд